Имрӯз дар асоси нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Агентии назорати маводи…
Имрӯз дар асоси нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони нозироти андози ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрии муфид доир гардид.
Дар чорабинии мазкур мудири бахши ҳуқуқи дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе - Садуллозода Далер Исматулло, нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, капитани адлия - Нуридинзода Комрон Қутбиддин ва нозири калони Раёсати назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники хизмати назорати маводи нашъаовар - Алиёрзода Наргис иштирок ва баромад намуданд.
Мулоқот дар мавзуи пурзӯр намудани пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ва рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда сурат гирифт.
Ҳамчунин, дар доираи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маърузачиён корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати расонидани нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ мазмуну муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва пешгирии фурӯш ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври васеъ шарҳ дода шуд.
Дар ниҳояти чорабинӣ, иҷрои талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тағйиру иловаҳои воридгардида ба қонунгузорӣ дар самти пешгирии истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ мавриди баррасӣ қарор гирифт.