Дирӯз, бо мақсади татбиқи самарабахши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2025, №403 «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027», инчунин иҷрои қарори Раиси ноҳияи Исмоили…
Дирӯз, бо мақсади татбиқи самарабахши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2025, №403 «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027», инчунин иҷрои қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 14 марти соли 2026, №30 “Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оид ба муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027” аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳия аксияи тарғиботӣ-ташвиқотӣ таҳти унвони "Муқобили савдои одамон якҷоя мубориза мебарем" баргузор гардид, ки дар натиҷа варақаҳои тарғиботӣ (буклет) дастраси сокинону меҳмонон гардонида шуд.
Мақсад аз баргузории аксияи мазкур, пеш аз ҳама огоҳонӣ ва пешгирии қишрҳои гуногуни ҷомеа аз ин амали хавфнок мебошад.