Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, раиси комиссияи даври ноҳиявии озмун - Манижабону Аминзода, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Боронзода Давлатманд, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия, масъулини соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия, ҳайати ҳакамон, омӯзгорон, ғолибони озмун ва волидайни онҳо иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» яке аз ташаббусҳои муҳим ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба рушди тафаккури илмӣ, густариши ҷаҳонбинии техникӣ, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва дарёфту дастгирии истеъдодҳои ҷавон мусоидат менамояд.
Қайд карда шуд, ки дар даври ноҳиявии озмун зиёда аз 530 нафар хонандагон, донишҷӯён ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, аз рӯи ҳашт номинатсияи муқарраргардидаи низомномаи озмун донишу малака ва маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон ғолибони арзанда муайян гардида, барои иштирок дар даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.
Дар идомаи чорабинӣ ба ғолибон ва ҷоизадарон, инчунин омӯзгороне, ки шогирдонашон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, волидайни онҳо бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.