eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ҲАҶРАВАНДАГОН
Главная
More
Исполнительный орган государственной власти района Исмоили Сомони города Душанбе
Новости
БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ҲАҶРАВАНДАГОН
Единый портал государственных услуг
ПРЕЗИДЕНТ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Агентство инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан
о Исполнительном органе
Направления деятельности
Документы
Контакты
6 мая 2026
БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ҲАҶРАВАНДАГОН
Дар доираи Нақшаи кории Комиссияи доимии танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва иҷрои нақшаи кории бахши дин ва танзими ҷашну маросими ноҳия бо иштироки кормандони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими…
Previous slide
Next slide
Дар доираи Нақшаи кории Комиссияи доимии танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва иҷрои нақшаи кории бахши дин ва танзими ҷашну маросими ноҳия бо иштироки кормандони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи Исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам бо ҳаҷравандагони мавсими 2026 ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқот доир карда шуд.
Зимни мулоқот бо ҳаҷравандагон аз ҷониби масъулин ҷиҳати таъмини риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” алалхусус талаботи моддаи 13 – и қонуни болозикр, оид ба пешгирии маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, гусел ва пешвози ҳоҷиён корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.
Инчунин, вобаста ба расонидани амалҳои хайру савоб, таъмиру бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳу кӯчаҳои маҳали зист, расонидани кӯмаку ғамхориҳои иҷтимоӣ ба шахсони яккаву танҳо аз ҷониби ҳоҷиён ва дигар масъалаҳои ҷорӣ сӯҳбат анҷом дода шуд.
Дар фарҷоми мулоқот масъулин ба саволҳои иштирокчиён посух дода, ба онҳо сафари бобарор ва адои ибодатҳои нек орзу намуданд.