eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРӢ ВОБАСТА БА ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИ РЕҶАИ КОРӢ МИЁНИ СОҲИБКОРОНИ ҲУДУДИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Главная
More
Исполнительный орган государственной власти района Исмоили Сомони города Душанбе
Новости
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРӢ ВОБАСТА БА ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИ РЕҶАИ КОРӢ МИЁНИ СОҲИБКОРОНИ ҲУДУДИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Единый портал государственных услуг
ПРЕЗИДЕНТ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Агентство инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан
о Исполнительном органе
Направления деятельности
Документы
Контакты
27 апреля 2026
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРӢ ВОБАСТА БА ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИ РЕҶАИ КОРӢ МИЁНИ СОҲИБКОРОНИ ҲУДУДИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Санаи 24 апрели соли ҷорӣ бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Қодирзода Ҷ. Қ. ва намояндагони Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 апрели…
Previous slide
Next slide
Санаи 24 апрели соли ҷорӣ бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Қодирзода Ҷ. Қ. ва намояндагони Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 апрели соли 2026, №314 “Дар бораи муқаррарсозӣ ва мувофиқа намудани реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ”, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия миёни соҳибкорони ҳудуди ноҳия суҳбату вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ таъкид гардид, ки риояи қатъии реҷаи муқарраршудаи корӣ аз ҷониби соҳибкорон омили муҳими таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва ҳифзи манфиатҳои сокинон ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, ба масъулин ва соҳибкорон ҷиҳати иҷрои саривақтии талаботи қарор, ба роҳ мондани назорати доимӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хизматрасонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки чунин чорабиниҳо дар оянда низ ба таври мунтазам идома меёбанд.