Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 январи соли 2025, №37 "Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ", инчунин ҷиҳати таъмини сокинону меҳмонони ноҳия бо маҳсулоти хушсифати кишварзию агросаноатӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2026 дар ҶСП "Маркази савдои Истиқлол" ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои кишварзию агросаноатӣ ташкил гардида, то санаи 31 декабри соли равон идома дода мешавад.