Муҳтарам собиқадорон ва кормандони соҳаи тиб! Мусалам аст, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 августро ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ таҷлил менамоянд. Вобаста ба ин, кулли кормандони соҳаи ҳифзи саломатии ноҳияро сидқан табрику…
Муҳтарам собиқадорон ва кормандони соҳаи тиб!
Мусалам аст, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 августро ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ таҷлил менамоянд. Вобаста ба ин, кулли кормандони соҳаи ҳифзи саломатии ноҳияро сидқан табрику муборакбод гуфта, тансиҳатию хотирҷамъӣ, барори кор ва дар иҷрои рисолати касбӣ ба Шумо дастоварду муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.
Соҳаи тандурустӣ яке аз бахшҳои афзалиятдори сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, дар даврони соҳибистиқлолӣ бомаром рушд карда истодааст.
Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, “Мардуми куҳанбунёди тоҷик мисли Абӯалӣ ибни Сино, Абӯбакр Закариёи Розӣ ва садҳо донишмандонеро ба воя расонидаанд, ки осори онҳо то ба имрӯз аҳаммияти худро гум накарда, барои башарият ҳамчун раҳнамои тиббӣ хизмат менамоянд”.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ баҳри рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодааст.
Итминон дорам, ки кормандони соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, табибону ҳамшираҳои шафқат минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хеш, яъне шифобахши дарди мардумро баланд мебардоранд.
Бори дигар, фарорасии иди касбӣ – Рӯзи кормандони соҳаи тибро ба ҳамаи Шумо муборакбод гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори босаодат, барори кор ва ҳамаи хушиҳои умрро таманно дорам.
Рӯзи кормандони соҳаи тиб муборак!