Санаи 13 августи соли 2025 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ, ки ҳамасола санаи 18 август дар саросари ҷумҳурӣ бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад Конфренсияи илмӣ - назариявӣ таҳти унвони “Солимии ҷомеа мароми мост” дар толори Пажӯҳишгоҳи тиббии бунёдии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино бо ҷалби масъулини соҳаи тандурустии ҳудуди ноҳия ташкил ва баргузор гардид.
Дар кори конференсия Раҳимзода Нурулло Сайфулло - муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло Маҳмадалӣ - раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ибодзода Саидмуқим Тиллохуҷа - ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Доктори илмҳои тиб, профессор ва Воҳидов Сомири Давлатқадамович - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар рафти баргузории конференсия як қатор масъулини соҳаи тандурустии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷом баҳри болидаруҳии иштирокчиёни конференсия барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони шинохтаи тоҷик доир карда шуд.