Санаи 17-уми декабри 2025, бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамбастагӣ Комиссияи муваққатии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатӣ" дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар дар мавзуи "Забони миллат – эҳёи давлат" баргузор шуд.
Дар он раисони маҳаллаҳо, намояндагони ташкилоту корхонаҳо ва таълимгоҳҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Мизи мудаввар тибқи нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир гардида, дар кори он Раиси комиссияи муваққатии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатӣ" Ато Мирхоҷа ва корманди Кумитаи забон ва истилоҳот Мавҷигул Давлатшоева андешаҳои худро дар бораи риоя ва татбиқи Қонуни забон дар шаҳри Душанбе баён намуданд.
Дар рафти чорабинӣ иштироккунандагон низ андешаронӣ карда, ба суолҳои худ посух гирифтанд.