Бо ташаббуси Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 5 феврали соли 2026 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон семинари илмию амалии минтақавӣ дар мавзӯи «Аҳамияти истифодаи маводи биологӣ ва кимиотерапевтии ватанӣ барои…
Бо ташаббуси Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 5 феврали соли 2026 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон семинари илмию амалии минтақавӣ дар мавзӯи «Аҳамияти истифодаи маводи биологӣ ва кимиотерапевтии ватанӣ барои табобат ва пешгирии бемориҳои сироятии чорвои кишоварзӣ ва амалисозии нақшаи чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ» баргузор гардид.
Дар кори семинар Сардори Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон, Сардори Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Данғара, Сардори Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, Сардори Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар ноҳия, олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, олимону муҳаққиқони Институти тибби ветеринарӣ, мутахассисони марказҳои таъминоти бехатарии озуқавории вилояти Хатлон ва мутахассисони соҳаи чорводорӣ иштирок намуданд.
Зимни баргузории семинар масъалаҳои муҳими марбут ба рушди соҳаи чорводорӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, аз ҷумла пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятии брадзоти чорвои хурди кишоварзӣ, плевропневмонияи сироятии бузҳо, бемориҳои гиҷҷавии чорвои кишоварзӣ, тоуни чорвои хурди шохдор, инчунин татбиқи маводи пешгирикунанда ва табобатии ватанӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Иштирокчиён аз рӯйи маърузаҳо ва баромадҳои мутахассисону олимон оид ба пешгирӣ, табобат ва чораҳои мубориза бар зидди бемориҳои ҳайвонот, инчунин роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи соҳа маълумоти муфассал гирифтанд.
Сардори Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Данғара зимни суханронии худ ба аҳамияти рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи маводи тарҳрезишудаи ватании воридотивазкунанда, ки дар пойгоҳи Институти тибби ветеринарӣ таҳия гардидаанд, таъкид намуд. Қайд гардид, ки истифодаи чунин мавод бояд дар тамоми хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад, зеро ин гуна чорабиниҳои пешгирикунанда ба рушди устувори соҳа мусоидат менамоянд ва дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши муассир мебозад.
Дар ҷараёни семинар олимони институт бо намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба рушди соҳаи чорводорӣ ва муаррифии маводи пешгирикунандаю табобатӣ мусоҳиба анҷом доданд.
Ҳамчунин байни иштирокчиён табодули таҷриба, пешниҳодҳои судманд ва тавсияҳои амалӣ сурат гирифта, роҳҳои минбаъдаи рушди соҳаи чорводорӣ дар минтақа муайян карда шуданд.
Семинар бо баҳсу музокираи озод, табодули афкор ва посух ба саволҳои иштирокчиён анҷом ёфт.