ЧИСТ ИСТИҚЛОЛ Чист Истиқлол баҳри тоҷикон, Меҳани ободу мулки гулфишон. Ҳар куҷо дар анҷуманҳо мардумон, Ҳарф гӯянд ҳарфи сулҳи тоҷикон. Аз парафшон рамзи Ваҳдат, Аз ливою сулҳи миллат, Файзи истиқлол баҳри тоҷикон, Ҳадя бинмуд пешвои пешвоён. Ҳам…
Чист Истиқлол баҳри тоҷикон,
Меҳани ободу мулки гулфишон.
Ҳар куҷо дар анҷуманҳо мардумон,
Ҳарф гӯянд ҳарфи сулҳи тоҷикон.
Аз парафшон рамзи Ваҳдат,
Аз ливою сулҳи миллат,
Файзи истиқлол баҳри тоҷикон,
Ҳадя бинмуд пешвои пешвоён.
Ҳам кунун гӯянд мардуми ҷаҳон,
Ҳарфи сулҳи пешвои тоҷикон.
Чист истиқлолу сулҳи тоҷикон,
Дарси ибрат баҳри кули мардумон.
Ҷашни истиқлол дорад навбаҳори гулфишон,
Си баҳори файзбору панҷи дигар бехазон.
Пешвою раҳнамо марди хирад,
Баҳри истиқлолу сулҳи пойдор.
То бипайвандад парешон тоҷикон,
То ба ҳам орад бо ҳам ҷовидон.
Миллати гашта парешону хазон,
Миллате, ки дошт ӯ тоҷу нишон.
Шеър мегуфтанд шеъри тоҷикӣ,
Шеъру достон бо забони Рӯдакӣ.
Ҷумла беморон меёбанд шифо,
То кунун ҳам аз китоби Буалӣ.
Хости Яздон будаасту Худои ломакон,
То зи ҳавфи нести созад раҳо ӯ тоҷикон.
То биёрад боз бо ҳам парешон миллаташ,
То гузорад тоҷ аз нав, тоҷи хирад бар сараш.
То зи нав пойдор созад шуҳрату шону фараш,
Кард ҳадя Пешвою сарвару ҳам раҳнамо.
Пешвои бохирад ҳам шуҷоъу босахо,
То намонад як гуреза дур аз мулку диёр,
То намонад то абад, номи миллат доғдор.
На хаёли хештан дошт андар сараш,
На ҳарос аз тиру аз таркишу оташ.
Рафт баҳри гуфтугу бо ҳамдиёрон.
Рафт байни тиру оташ мулки афғон.
То ба ҳам орад парешон тоҷикон,
То дигар н-ояд садои гиряҳои тифлакон,
Ҳам фиғону нолаҳои зору талхи модарон.
Чист истиқлол баҳри тоҷикон,
Сулҳу Ваҳдат пойдору ҷовидон.
То шавад обод мулку кишвари озодагон,
Ҷон ба каф, сина сипар бар душманон,
Кард парвоз сӯйи Маскав, раҳнамои тоҷикон.
То дигар бар хок наспоранд, ҳеҷ гоҳе модарон,
Дар мазоре дур аз хоку диёру аз Ватан.
Ёру пайванду бародар ё ҷигарбанди хештан,
То ба ҷои оҳу нола, ҳам садои тиру танк.
Руйи майдон, руйи саҳна ҳам зи ҳар як хонадон,
Бишнавем овози шодиву суруди гулрухон,
Чист истиқлол баҳри тоҷикон,
Тоҷу тахту ҳам ливои парфишон,
Дарси сулҳу ибрат, баҳри кулли мардумон
Пешвои номдору раҳнамои тоҷикон.
Чист истиқлол баҳри тоҷикон,
Си баҳори гулфишону панҷи дигар бехазон.
Сӯйи фатҳи қуллаҳои сар ба сӯйи осмон,
Мекунад водор морову бисозад раҳнамо,
Файзи истиқлоли миллат,
Ҳам ливои сулҳу Ваҳдат.
Аз чор сӯйи кишвар бо чор сӯйи дунё,
Пайваст мардуми мо, сидқу сафои Пешво.
Чист истиқлол баҳри тоҷикон,
Сарфарозию саодат, сарбаландию матонат,
Аз қудуми неки истиқлол дар ҳар анҷуман,
Ҳар сухан ҳар мароми Пешвои тоҷикон.
Дар миёни ҷумла кишварҳои олам,
Гашт мақбулу ҳам писанди мардумон,
Бишнавем акнун аз ҳар минбару ҳар созмон,
Ҳам суханронию, нутқи Пешвои тоҷикон.
Бо забоне, ки навишта ӯ китоби «Тоҷикон»,
Бо забоне, ки Рӯдакӣ бо он навишта достон.
Чист истиқлол баҳри тоҷикон,
Дар фазои хандаю рақсу суруд,
Ҷашн гиранд Тиргону Меҳргон.
Хушхабар аз минбари кулли чаҳон,
Пешниҳоди раҳнамои тоҷикон.
Кард Навруз мақбули халқи чаҳон,
То ки монад сулҳ пойдор андар ҷаҳон.
Пешвои сулҳофар раҳнамои тоҷикон
Баҳри хушбахтии насли навҷавон
То ки монад сулҳ дар руйи ҷаҳон
Пойдору устувору ҳам ҷовидон.
То зи ҳар шуру шари давру замон,
Дур бошанд дур зи осебу газанд.
Муждаи нав хушхабар аз минбари кулли ҷаҳон,
Баҳри фардои дурахшони ҷавонони ҷаҳон.
То бимонад сулх пойдору устувор аз баҳрашон
Гашт мақбул пешниҳоди раҳнамои тоҷикон,
Пешниҳоди сулҳ баҳри наврасону ҳам ҷавонон.
Чист истиқлол баҳри тоҷикон.
Ҳадяи бемисл аз даргоҳи Яздон,
Пешвои раҳнамою сулҳофар дар ҷаҳон
Чист истиқлол баҳри тоҷикон,
Меҳани ободу мулки гулфишон.
Дар фазои рақсу шодию суруд,
Ҷашн гиранд расму оини ниёгон.
Чист истиқлол баҳри тоҷикон.
Эҳёи тоҷу тахту хиради волои он!
Раҷабов Наҷбуддин Амиралиевич-
доктори илмҳои кишоварзӣ,
муовини директор оид ба илм, таълим
ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ