Аҳамияти захираи хӯроки табиӣ барои чорвопарварӣ дар Тоҷикистон хеле бузург аст. Дар мадди аввал ин ба бузу гӯсфандпарварӣ таалуқ дорад, ки базаи асосии хӯрокии онро дар тобистон чарогоҳҳои баландкӯҳ ва дар зимистон водию доманакӯҳҳо ташкил медиҳанд. Чарогоҳҳо ва алафдаравҳои табиӣ бо тарзи иқтисодӣ судманд ва бо тарзи биологӣ зарур, танзимкунии чарогоҳҳо назаррас буда, на фақат манбаи хӯроки хушхӯри алафии тар ва беда, инчунин, аз моддаҳои гуногуни фаъоле, ки чорворо аз касалиҳо эмин нигоҳ доранда бой мебошанд.
Яке аз масъалаҳои муҳим ин истифодабарии оқилонаи чарогоҳ ва қитъаҳои алафдарав мебошад. Истифодаи оқилонаи он ба зиёд намудани ҳосилнокии чарогоҳ, бо роҳҳои азнавсозӣ, беҳтаркунӣ ва бо усули чаронидан истифодаи қитъагии чарогоҳ, кишт намудани тухмии алафҳо, обёрӣ ва ташкили кишти зироати бисёрсола тақозо мекунад.
Барои муайян намудани ҳолат ва имконияти чарогоҳ ва қитъаҳои алафдарави табиатан худбарқароршаванда, таҳлили роли фаъолияти хоҷагидории хусусӣ хеле ба маврид аст. Нест намудани ҷангалзорҳо, чарогоҳҳо, дар натиҷаи нодуруст истифодаи онҳо, ба пайдошавии биёбонҳо ва заминҳои партов мусоидат мекунад. Яке аз роҳҳои баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва умуман соҳаи чорводорӣ ин мустаҳкам намудани базаи хўроки чорво ба ҳисоб меравад. Дар айни замон чорво қариб 70-90% хурокаро аз алафзорҳои табиӣ дастрас менамояд ва арзонтарин хурокаи чорво ба ҳисоб меравад.
Шароитҳои иқлимии ҷумҳурӣ барои рушди ҳамаи намуди соҳаи чорводорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза имконият медиҳад.
Бинобар ин, ҳалли масъалаҳои дуруст истифода бурдани чарогоҳҳо, баланд бардоштани ҳосили алафзорҳои табиӣ, беҳтар намудани кори тухмипарварии алафҳои чарогоҳҳо, барпо намудани чарогоҳҳои дорои алафҳои бисёрсолаи киштшаванда ва ғайра зарур мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти соҳаро дар беҳдошти шароитҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум ба ҳисоб гирифта, барои рушди ин соҳа тамоми шароитҳоро аз рӯи пешбурди шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ таъмин сохтанд.
Аз рӯйи ин муносибатҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи чарогоҳ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 20.06.2019 таҳти рақами 1618 тасдиқ ёфтааст ва ин ҳуҷҷат дар иловагӣ имконият медиҳад, ки чорводорӣ дар шароити ҷумҳуриамон ба ҳайси соҳаи асосӣ боз беҳтар рушд ёбад ва мардуми чорводор сари ин масъала дар иловагӣ дорои шароит ва имконотҳои беҳтар гарданд.
Дар нисбати рушди соҳаи чорводорӣ масъалаи таъмини чорво бо хӯрок нақши асосиро мебозад ва аз ин лиҳоз яке аз сарчашмаҳои арзонтарини асосии таъмини хӯроки чорво-ин чарогоҳҳо мебошанд.
Шуъбаи беҳдошти чарогоҳҳо бо мақсади зиёд намудани ҳосилнокии чарогоҳҳо як қатор корҳоро дар се моҳаи аввали соли 2026 ба анҷом расонид.
Яке аз ин корҳо дар доираи лоиҳаи омухтани таъсири тағйрёбии иқлим ва таҳияи технологияи истифодаи устувори чарогоҳҳо дар мавзеи Шулашдараи ноҳияи Муъминобод дар кооперативи тиҷоратии “Дурандеш-1”қитъаи таҷрибавӣ ташкил карда шуд. Дар қитъаи таҷрибавӣ дар масоҳати 2,5 га беҳтаркунии куллӣ бо коридани растании хурокаи чорво аз оилаи лубиёгиҳо- қатраборон гузаронида шуд. Дар айни замон минтақаи кишт зери назорати фенологӣ қарор дорад.
Ҳадаф аз ташкил намудани қитъаи намоишӣ ин баланд бардоштани ҳосилнокии чарогоҳҳо, омода намудани кадрҳои баландихтиссоси соҳаи чарогоҳшиносӣ, гузаронидани таҷрибаҳо, ҷамъоварии тухмҳои чарогоҳӣ ба монанди: тухми хардумкаҳ, сулии чарогоҳӣ, хардумак, мунҷ ва ғ. мебошад.
Ҳамзамон дар майдони 0,6 га бошад беҳтаркунии сатҳӣ гузаронида шуд, ки ин масоҳат ба 6 қисм ҷудо карда шудааст ва дар ҳар шаш қисм корҳои тадқиқотӣ- илмӣ гузаронида шуда истодаанд.
Дар натиҷаи андохтани нуриҳои минералӣ ҳосилнокии чарогоҳҳоро аз 6,5 сентнер ба 18-20 с/ га расониданд ва нуриҳои органикӣ бошанд ҳосилнокии чарогоҳҳои қитъаи намоиширо ба 12-14 с/га расониданд, кишти руякии қатраборон бошад ҳосили чарогоҳҳоро ба 20-22 с/га баробар намуд.
Итминон дорем, ки тадқиқотҳои илмӣ ва таҷрибаҳо самараи хуб медиҳанд ва имконият ба даст оварда мешавад, ки сол то сол маҳсулнокии чарогоҳҳо тавассути ҷорӣ намудани таҷрибаҳои гузаронидашуда баланд бардошта мешаванд.
Натиљањои тањқиқотҳои илмӣ дар қитъаи таҷрибавии д. Харангони ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Варзоб, Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон”, хоҷагии тиҷоратии “Дурандеш-1, хоҷагии хоҷагии гӯсфандпарварии (ҷамоати Эсанбой, мавзеи Шўртуғайи н. Рўдакӣ), ва заминҳои роҳҳои чорвогузар ва дамгирии чорвои Муассисаи давлатии “Трести чарогоҳу мелиоративӣ” Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистсон татбиқ гардида истодааст.
Дар озмоишгоҳи беҳдошти чарогоҳҳо дар моҳи ҳисоботӣ 25 ташхисҳои гуногун гузаронида шуд, ки дар он таркиби хурокаи чорво санҷида шуданд. Қайд намудан лозим аст, ки дар озмоишгоҳ нишондиҳандаҳои зерин: намнокӣ, протеин, хокистар, Са, Р, NaCl, чарб ва клечатка тавассути дастгоҳи замонавӣ муайян карда мешаванд.