Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин бобат баҳри расидан ба ҳадафе, ки ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад, тадбирҳои зиёде андешида шуда истодааст. Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат муайян шудааст. Парвариш намудани паранда ва истеҳсоли гӯшти он яке аз манбаъҳои асосии таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти парҳезӣ мебошад. Яке аз мақсадҳои асосии парандапарварӣ ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти баландсифати гӯштӣ аст, ки дар ин самт истифодаи усулҳои муосири парвариш ва хӯронидани парандаҳо масъалаи муҳим мебошад.
Мувофиқи Карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022 меъёри истеъмоли гӯшти паранда ба ҳар сари аҳолӣ дар 1 сол 18 кг муайян гардидааст. Аз ин лиҳоз, таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо гӯшти паранда беҳбудиро талаб менамояд. Тибқи меъёри мазкур истеҳсоли гӯшти паранда дар ҷумҳурӣ бо назардошти зиёдшавии аҳолӣ бояд дар оянда то 200 ҳазор тонна расонида шавад. Яъне истеҳсоли гӯшти паранда дар ҷумҳурӣ бояд 4 матортиба зиёд гардад.
Дар шароити имрӯза бо маҳсулоти паранда таъмин намудани аҳолӣ яке аз равандҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Гарчанде сол аз сол саршумор ва маҳсулоти соҳа зиёд шуда, дар ин самт пешравиҳо ба мушоҳида мерасад, аммо бо гӯшти паранда, хусусан бо гӯшти мурғи марҷон таъмин намудани аҳолӣ ҳоло ҳалли худро наёфтааст.
Мурғимарҷонпарварӣ яке аз сарчашмаи афзоиши истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда бо сифати баланд мебошад. Солҳои охир самаранокии парвариши мурғи марҷон нишон медиҳад, ки дар байни дигар намуди гӯшти паранда, гӯшти мурғи марҷон ҷойи махсусро ишғол менамояд. Мувофиқи хусусиятҳои биологӣ ва иқтисодӣ он яке аз намудҳои назарраси самти гӯштии парандаҳои кишоварзӣ мебошад.
Мурғи марҷон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, ба монанди ИМА, Италия, Фаронса, Британияи Кабир, Олмон, Бразилия ба таври саноатӣ парвариш карда мешавад. Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин корхонаи мурғимарҷонпарварӣ дар ноҳияи Файзобод бунёд шуда, солҳои 1982-1992 фаъолият дошт. Он ҳар сол зиёда аз 950 тонна гӯшти парҳезии мурғи марҷон истеҳсол менамуд .
Мурғи марҷон яке аз калонтарин парандаи соҳаи кишоварзӣ буда, вазни зиндаи наринаҳо 18-20 кг, модинаҳо 10-12 кг аст. Дар муқоиса бо дигар намудҳои парандаҳо, мурғи марҷон маҳсули баландтари қисмҳои истеъмолиро дорад, ки ба зиёда аз 70% мерасад.
Дар ғизои инсон сафедаҳо ва равғани чорво нақши муҳим доранд. Талаботи миёнаи шабонарӯзӣ ба сафедаҳо ва равғани чорво бо вояи 2500 ккал мутаносибан 40 ва 60 граммро ташкил медиҳад. Организм қобилияти ҳазми протеинҳои тухми мурғ 98-100%, маҳсулоти ширӣ то 98, гӯшти гов 80 ва гӯшти мурғро 90% доро мебошад.
Бо технологияи хуб бароҳмондашудаи истеҳсолӣ, аз даҳ сар мурғи марҷон дар як сол, шумо метавонед то 600 сар мурғи марҷон парвариш кунед ва ҳадди аққал 3 тонна вазни зинда ё зиёда аз 2 тонна маҳсулоти аз ҳама арзон ба даст оред.
Суръати афзоиш ва вазни зиндаи мурғи марҷон, ки барои гӯшт парвариш карда мешавад, аз мурғ, мурғобӣ ва қоз бартарӣ дорад. Вазни зиндаи чӯҷаҳои мурғи марҷон дар давраи парвариш (то 120 рӯз) қариб 80-90 маротиба меафзояд.
Мувофиқи маълумотҳои илмӣ ҳангоми парвариши интенсивӣ гӯшти ин паранда 87-90%, қисмҳои хӯрокӣ 65%, вазни зинда 75% ва вазни бофтаи мушакҳо 55%, аз ҷумла мушакҳои қафасаи сина - то 23% - ро ташкил медиҳад.
Гӯшти мурғи марҷон дорои хусусиятҳои баланди ғизоӣ ва таъми хуб мебошад. Он миқдори зиёди сафеда ва миқдори ками равғанро дорад, аз витамини В бой буда холестеринаш нисбат ба дигар намудҳои гӯшт аз ҳама камтар аст. Гӯшти мурғи марҷон дар таркибаш ба ҳисоби миёна 57,3-64,5% об, 12-22% чарбу ва 19-21% сафеда дорад.
Маъруфияти гӯшти мурғи марҷон қариб дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон зиёд мегардад. Он дорои як қатор моддаҳои фаъоли биологӣ мебошад, ки ба саломатии инсон таъсири мусбат мерасонанд. Ба ақидаи олимони ИМА хатари бемории дилу раг дар инсон ҳангоми иваз кардани гӯшти сурх (гӯшти чорво) ба гӯшти сафед (гӯшти паранда) то 19% коҳиш ёфтааст. Ин маҳсулоти арзишманд дар ғизои кӯдакон, беморон ва пиронсолон манфиатбахш мебошад.
Истеъмоли гӯшти мурғи марҷон иммунитетро тақвият медиҳад, системаи дилу рагҳоро ба танзим медарорад ва кори мағзи сарро беҳтар мекунад. Тибқи иттилои Кумитаи миллии тандурустии ИМА дар минтақаҳое, ки истеъмоли гӯшти мурғ зиёд аст, бемориҳои системаи асаб кам вомехӯрад.
Бояд донист, ки хусусияти парҳезии гӯшти мурғи марҷон аз равғани паранда, ҷинс, синну сол ва бисёр омилҳои дигар вобаста аст. Бо зиёд шудани синну сол равған дар гӯшти паранда афзоиш меёбад, миқдори сафеда ва фоиданокии он кам мешавад ва ин ба хусусиятҳои парҳезӣ таъсир мерасонад.
Мувофиқи маълумотҳо, дар гӯшти мурғи марҷони наринаи 8-моҳа ва дар модинаи 6-моҳа миқдори равғанҳо нисбат ба мурғи марҷони 4-моҳаи ҳарду ҷинс қариб 7 маротиба зиёд мешавад. Маҷмуи сафеда дар гӯшти мурғи марҷони наринаю модина бо мурури замон коҳиш меёбад. Ҳамин тавр, агар дар 4 моҳагӣ дар таркиби гӯшти наринаҳо 21,9% сафеда бошад, пас дар 8 моҳагӣ он то 19%, дар модинаҳо аз 22,2% то 16,8% коҳиш меёбад.
Дар вақти парвариши саноатӣ, мурғи марҷон бинобар хӯрокро ниҳоят хуб ва самаранок ҳазм карданаш ба ҳар як кг вазнафзункунӣ 2,5-3,5 кг хӯрок сарф мекунад. Нисбат ба дигар парандаҳои хонагӣ мурғи марҷон низ ба ҳар як кг вазнафзункунӣ 15-20% камтар хӯрок сарф мекунад, ки ин сермаҳсул ва сердаромад будани онро нишон медиҳад.
Яке аз омилҳои зиёд намудани истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти гӯшти парҳезӣ ин рушди мурғимарҷонпарварӣ мебошад. Дар шароити табиат ва иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон парвариши мурғи марҷон бисёр мувофиқ мебошад, чунки ин намуди паранда қисми зиёди талаботи организми худро бо хӯрок аз ҳисоби алафҳои дар чарогоҳ мавҷудбуда таъмин мекунад, ки ин аз нигоҳи иқтисодӣ самарабахш мебошад.
Солҳои охир дар бисёр шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон парвариши мурғи марҷон паҳн шудаистодааст, лекин гӯшти он ҳоло дар фурӯш хеле кам дида мешавад. Бинобар ин, рушд додани парвариши мурғи марҷон дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ мебошад. Дар парвариши мурғи марҷон асосан хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ машғул мебошанд, ки на ҳамаи онҳо маҳсулоти зарурӣ истеҳсол менамоянд.
Бо мақсади аз ҷиҳати илмӣ асоснок намудани парвариши мурғи марҷон аз ҷониби олимони Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон корҳои илмӣ оид ба омузиши хусусиятҳои маҳсулнокию ирсии мурғи марҷони зоти сафеди қафасаи синапаҳми вазнаш миёна ва популятсияҳои маҳаллӣ дар шароити иқлимию истеҳсолии ҷануби Тоҷикистон гузаронида шуд. Маҳсулнокӣ, сифати морфологии тухм, вазнафзункунӣ, сарфи хӯрок, солиммонӣ ва самаранокии зоти мазкурро омухта, муайян карда шуд, ки дар муқоиса ба популятсияҳои маҳаллии мурғи марҷон фарқияти мусбӣ дорад.
Дар асоси таҳлили натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ ва санҷиши истеҳсолӣ, муайян карда шуд, ки дар шароити ҷумҳурӣ парвариши мурғи марҷони зоти сафеди қафасаи синапаҳми вазнаш миёна нисбати популятсияҳои маҳаллӣ самаранок мебошад.
Барои бештар истеҳсол намудани гӯшт ва тухми инкубатсионии мурғи марҷон дар оянда технологияи парваришу хӯронидани онро такмил додан зарур аст.
ХУЛОСА. Дар шароити хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонӣ ва инфиродӣ мақсаднок ба роҳ мондани парвариши зоту кроссҳои мурғи марҷон дар қатори популятсияҳои маҳаллӣ, метавонад ба афзун гардидани исеҳсоли гӯшти парҳезии ин паранда имкониятҳои навро фароҳам оварад. Ҳангоми дуруст ба роҳ мондани парвариши мурғи марҷон аз он натанҳо гӯшти парҳезӣ, балки мо метавонем тухми инкубатсионӣ низ истеҳсол намоем ва ба дигар парандапарварон пешниҳод гардонем, ки ин аз як тараф ба баланд бардоштани даромади ин ё он хоҷагӣ сабаб шавад аз ҷониби дигар иқтидорҳои нав оид ба истеҳсоли гӯшти парҳезии ин паранда ба кор медароянд. Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар оянда парвариши мурғи марҷон дар хоҷагиҳои шаклашон гуногуни ҷумҳурӣ рушд меёбад ва ин ба фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ замина мегузорад.