Соҳаи гӯсфандпарварӣ – моҳиятан бахши дуюми чорводорӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Дар нақшаи дурнамои кишвар саҳми он барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, паст намудани сатҳи камбизоатӣ бояд аҳамияти зиёдтар пайдо намояд. Вобаста ба зиёд шудани талабот ба истеҳсоли маҳсулот, вақт тақозо менамояд, ки соҳаи гӯсфандпарварӣ низ ба талаботҳои нави иқтисоди бозоргонӣ ҷавобгӯ бошад. Дар баробари он, самаранокии соҳа, ба технологияи шакли истеҳсоли миёна ва хурд мувофиқ будани он, инчунин дастрасии қисми зиёди аҳолӣ (зиёда аз 93,0%-и аҳолии деҳот) ба нигҳубин ва парвариши гӯсфанду буз афзалиятнокии соҳаро муайян мекунад.
Бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти гӯсфандпарварӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани технологияҳои самаранок дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ тавассути фарбеҳкунӣ ва парвариш дар чарогоҳҳои тобистона, ба фурӯш баровардани барраву туқлиҳои 1,0 сола ва дигар гурӯҳҳои синнусолии ғайритаъмирӣ зарур аст, Дар ин маврид, бояд вазни зиндаи барраҳо, то давраи аз мешҳо ҷудо кардани барраҳои зотҳои гӯштию думбадор то 45-50,0 кг, дигар зотҳо 32-36,0 кг расонида шавад. Ҳоло ин шишондод дар ҷумҳурӣ то 10-15,0 % камтар буда, иқтидори ирсию маҳсулнокии зотҳои гӯсфандони дар ҷумҳурӣ парваришёбанда то 65-75 % истифода бурда мешаванд. Корҳои илмӣ-таҳқиқоти дар хоҷагиҳои базавӣ мувофиқи нақшаи корӣ гузаронида шуданд.
– оид ба гӯсфандони зоти тоҷикӣ нигоҳдории генофонд, зиёд намудани саршумор,– мустаҳкамгардонии аломатҳои сохти бадан ва намуди беруна (экстерер ва конститутсия), зиёд намудани вазни зинда, андозаи думба ва миқдори пашм, баробарии нахҳо аз рӯи дарозӣ ва маҳинӣ, барҳам додани нахҳои ранга ва хушк (мурда) бо усули афзоишдиҳии байниавлодӣ ва наслҳои онҳо, инчунин мувофиқгардонӣ аз рӯи аломатҳои зот, корҳои илмию таҳқиқотӣ дар хоҷагиҳои «Парваришгоҳи гӯсфандони зоти тоҷикӣ» дар н. Хуросон, Кооперативи тиҷоратии «Эсанбой –1» -и («Гӯсфандони зоти тоҷикӣ») ноҳияи Рӯдакӣ ва хоҷагии «Зиғиртӣ» -и шаҳри Левакант гузаронида шуданд.
- оид ба гӯсфандони зоти ҳисорӣ - селексия дар самти интихобу афзоишдиҳии гӯсфандони дорои ҷуссаи калон, устухонбандӣ ва сохти бадани мустаҳкам, шакли гӯштнокии бараъло зоҳиршаванда, вазни зиндаи зиёд, думбаи калон ва дорои шакли дуруст, қобилияти баланди зудрасӣ ва наслнокӣ, такмил додани типи «фархорӣ» ,типи «шаҳринавӣ» офаридани типи нави дохилизотии “Ғузн”-и гӯсфанди зоти ҳисорӣ.
Корҳои илмию таҳқиқотӣ дар корхонаи воҳиди хоҷагии зотпарварии «Ҳисор» -и ноҳияи Фархор, корхонаи воҳиди давлатии зотпарварии «Зотпарвар»-и шаҳри Ҳисор, кооперативи истеҳсолии зотпарварии «Дилшод-Б»-и ноҳияи Варзоб ва хоҷагиҳои ферферию деҳқонии ноҳияи Мастчоҳ иҷро карда шуданд.
- оид ба гӯсфандони зоти маҳинпашми тоҷикӣ зиёд намудани саршумор, нигоҳдории генофонд баланд бардоштани маҳсулнокии пашмӣ, тавассути селексия доир ба зиёд намудани зичии пашм, дарозӣ ва баромади нахи тоза, баробарсозии пашм аз рӯи дарозӣ ва маҳинии нахҳо, инчунин мувофиқгардонии рамаҳо аз рӯи аломатҳои намуди беруна ва маҳсулнокӣ, омӯхта мешаванд, таҳқиқотҳои илмӣ дар хоҷагии зотпарварии «Кангурт», ноҳияи Темурмалик гузаронида шуданд.
- оид ба гӯсфандони зоти қароқӯлӣ – зиёд намудани саршумор, вазни қиёсӣ, классҳои элита ва якум, намуди пӯстҳои пӯстинбоб (жакетӣ), инчунин саршумори гӯсфандони хокистарранг, махсусан ранги осмонидошта, пӯсти қароқӯлии сур (тиллоранги қирмизӣ), корҳои илмию таҳқиқотӣ дар хоҷагиҳои зотпарварии ба номи Ю.Гагарини ноҳияи Шаҳритус ва хоҷагии ҷамоавии «Қубодиён» -и ноҳияи Қубодиён, доир ба такмилдиҳӣ ва офаридани рамаҳои сур ва хокистарӣ гузаронида шуданд.
Дар ин давраи корҳои илмию таҳқиқотӣ доир ба наслгирӣ аз зотҳои гӯсфандони дар ҷумҳурӣ парваришёбанда гузаронида шуда, вазни зинда , ченакҳои бадани барраҳои навтавалудёфта, ки аз ҷуфтикунонии мақсаднок ба даст омаданд омузиш карда шуд. Ба барраҳои навзод баҳодиҳии ибтидои дода шуда, гуруҳҳои селексионӣ ташкил карда шуданд.
Натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ дар корхона воҳиди хоҷагии зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор, хоҷагии кооперативию истеҳсолии зотпарварии «Дилшод-Б»-и ноҳияи Варзоб, корхонаи воҳиди давлатии зотпарварии «Зотпарвар»-и ш. Ҳисор, хоҷагиҳои фермерию инфиродӣ ва аҳолии ноҳияҳои Шаҳринав, Данғара, Қубодиён, Рӯдакӣ, ноҳияҳои кӯҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, хоҷагии иҷоравии ба номи Ю.Гагарини ноҳияи Шаҳритуз, хоҷагии ҷамоъавии «Қубодиён»-и ноҳияи Қубодиён, хоҷагиҳои зотпарварии «Кангурт» ва «Бегиҷон»-и ноҳияи Темурмалик, хоҷагии истеҳсолии коперативии «Бахт-82»- и н. Восеъ, хоҷагиҳои зотпарварии Парваришгоҳи гӯсфандони зоти тоҷикии ноҳияи Хуросон, кооперативи истеҳсолӣ- зотпарварии “Эсанбой-1”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва хоҷагии «Зиғиртӣ»-и шаҳри Левакант вилояти Хатлон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ амалӣ шуда истодааст.