Маълумоти умумӣРаёсати зеҳни сунъӣ воҳиди сохтории Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти Раёсат ба таҳия ва амалисозии сиёсати давлатӣ, дар соҳаи зеҳни сунъӣ, ҳамоҳангсозии татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар иқтисодиёт ва идоракунии давлатӣ, инчунин таъмини амалисозии Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 равона шудааст.
Дар сохтори Агентӣ таъсиси воҳиди сохтории махсус идомаи ташаккули низоми институтсионалии идоракунии давлатӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ мебошад. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа муайян гардида, дар сохтори дастгоҳи марказии он Раёсати зеҳни сунъӣ таъсис дода шудааст.