14 марти соли 2023 вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо вазири маориф, илм ва навоварии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов вохӯрӣ намуд.
Ҷонибҳо мавзуъҳои мубрами соҳаҳои мавриди масъулият ва роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи барномаҳои муштарак дар соҳаҳои навоварӣ, зеҳни сунъӣ, навпо ва мусоидат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусии ин соҳаи ҳарду кишвар баён карданд.