12 августи соли 2025, дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав мулоқот бо ҳайати минтақаи Фландрияи Подшоҳии Белгия баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили таҳким ва густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои авлавиятноки саноат, аз ҷумла саноати…
12 августи соли 2025, дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав мулоқот бо ҳайати минтақаи Фландрияи Подшоҳии Белгия баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили таҳким ва густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои авлавиятноки саноат, аз ҷумла саноати сабук, нассоҷӣ, мошинсозӣ, саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ карданд.
Дар анҷом, тарафҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда изҳор намуда, ҳайати расмӣ ва ширкатҳои бонуфузи Подшоҳии Белгия барои иштирок дар чорабиниҳои дарпешистода ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардиданд.