29 апрели соли 2025 вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар ҳошияи Намоишгоҳи зарфиятҳои содиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон (IRAN EXPO -2025) бо раиси вилояти Форси Ҷумҳурии Исломии Эрон Хусейналӣ Амирӣ вохӯрӣ анҷом дод.
Ҷонибҳо мавзуи роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи саноат миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Форси Ҷумҳурии Исломии Эрон, махсусан миёни шаҳрҳои Душанбе ва Шерозро, ки бародаршаҳр мебошанд, баррасӣ намуданд.