«Нақши занон дар рушди ҷомеа ва таҳкими дастовардҳои Истиқлол»
ҶАЛАСАИ ЗАНОН БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология»-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи занон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ 25 нафар занони корманди Институт иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба нақши занон дар ҷомеа, рушди илм, фарҳанг, меҳнатдӯстӣ, ободкорӣ ва созандагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаласаро Раиси Шӯрои занон ва ҳамзамон раиси Иттифоқи касабаи Институт Раҳимова Дилором бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, кулли занони Институтро ба муносибати ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуд.
Дар суханронии худ ӯ таъкид кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷомеаи Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои рушди илм, маориф, фарҳанг ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Сипас, мудири Шуъбаи иттилоот Идиева Шаҳло дар мавзуи «Нақши занон дар ҷомеаи муосир» суханронӣ намуда, аз саҳми арзандаи занон дар рушди соҳаҳои гуногун, фаъолияти илмӣ, меҳнатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ ёдовар шуд.
Ҳамчунин мудири Шуъбаи кадрҳо Нурова Гулбаҳор дар бораи интизоми меҳнат, масъулияти кормандон ва саҳми занон дар ободкориву созандагӣ суханронӣ намуда, нақши занонро дар пешбурди корҳои ҷамъиятӣ ва фаъолияти самараноки Институт муҳим арзёбӣ кард.
Дар идомаи ҷаласа таъкид гардид, ки занони тоҷик дар даврони Истиқлол ҳамчун неруи созанда, тарбиятгари насли наврас, корманди содиқ ва иштирокчии фаъоли ҳаёти ҷамъиятӣ нақши муҳим доранд.
Дар фарҷоми ҷаласа занони Институт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гардида, ба онҳо саломатӣ, хушбахтии оилавӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, комёбиҳои меҳнатӣ ва зиндагии осуда орзу карда шуд.
Истиқлол ифтихори миллӣ, сарчашмаи сулҳу субот ва заминаи пешрафти Тоҷикистони азиз аст!
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!