ОЗМОИШГОҲИ ТАШХИСИ БЕМОРИҲОИ ВИРУСИИ ПАРАНДА ПОЙГОҲИ МУҲИМИ ИЛМ ВА АМНИЯТИ БИОЛОГӢ Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рушди илми ветеринарӣ, таъмини амнияти биологӣ ва ҳифзи…
ОЗМОИШГОҲИ ТАШХИСИ БЕМОРИҲОИ ВИРУСИИ ПАРАНДА ПОЙГОҲИ МУҲИМИ ИЛМ ВА АМНИЯТИ БИОЛОГӢ
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рушди илми ветеринарӣ, таъмини амнияти биологӣ ва ҳифзи саломатии ҳайвоноту парандагон аз самтҳои муҳими сиёсати илмӣ ва истеҳсолии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд Озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои вирусии парандаи Муассисаи давлатии «Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология»-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон нақши муҳим дорад.
Озмоишгоҳ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №300 аз 4 июли соли 2006 таъсис ёфта, имрӯз ҳамчун яке аз пойгоҳҳои муҳими илмӣ-таҳқиқотӣ ва ташхисии ҷумҳурӣ дар самти омӯзиш ва назорати бемориҳои сироятии парандагон фаъолият менамояд.
Озмоишгоҳ ба талаботи байналмилалӣ ва меъёрҳои амнияти биологӣ ҷавобгӯ буда, дорои сатҳи дуюми муҳофизати биологӣ — BSL-2 мебошад. Бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ ва таҳқиқотӣ таъмин будани он имконият медиҳад, ки таҳқиқоти молекулавӣ, вирусологӣ ва серологӣ дар сатҳи баланд анҷом дода шаванд.
Дар тӯли фаъолияти озмоишгоҳ корҳои назарраси илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, бо истифода аз усулҳои муосири ташхиси молекулавӣ дар ҷумҳурӣ натиҷаҳои таҳқиқи як қатор ангезандаҳои бемориҳои сироятӣ муайян ва муқаррар карда шуданд.
Хусусиятҳои молекулавии изолятҳои бемории Нюкасл ва хламидия низ мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифтаанд.
Яке аз дастовардҳои муҳими озмоишгоҳ гирифтани қарор дар бораи додани нахустпатент ба ихтирои штамми бемории Нюкасл «AAvA1Chicken Tadjikistan Gissor 6» барои истеҳсоли подген дар реаксияи боздошти гемаглютинӣ мебошад.
Дар фаъолияти озмоишгоҳ зиёда аз 90 мақолаи илмӣ ва 14 тавсияномаи методӣ ба табъ расида, 5 нафар корманди илмӣ рисолаҳои номзадиро таҳия ва ҳимоя намудаанд.
Саҳми олимони ҷавон
Яке аз чеҳраҳои фаъоли илмии озмоишгоҳ Тоҳирзода Абдуқосим Абдукарим, мудири озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои вирусии паранда ва номзади илмҳои ветеринарӣ мебошад.
Ӯ соли 2025 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Самаранокии пробиотики “Субтилбен” дар пешгирӣ ва табобати колибактериози бройлерҳо» аз рӯйи ихтисоси 06.02.02 ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои ветеринарӣ гардид.
Тоҳирзода Абдуқосим Абдукарим муаллифи зиёда аз 15 мақолаи илмӣ ва 4 дастури методӣ буда, соҳиби нахустпатент оид ба штамми бактерияи Clostridium chauvoei CICHTJ-01 №16 барои истеҳсоли ваксина ва 6 шаҳодатномаи ихтироъ мебошад.
Барои фаъолияти илмӣ ва ихтироъкорӣ ӯ бо як қатор ҷоизаю ифтихорномаҳо сарфароз гардида, аз ҷумла соли 2023 ва 2025 ҳамчун яке аз ихтироъкорони беҳтарини Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Соли 2025 инчунин бо Дипломи ҷойи якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» сарфароз гардид.
Озмоишгоҳ бо муассисаҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои судманд ба роҳ мондааст. Дар байни шарикони илмии он муассисаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи ветеринарии Москва ба номи Скрябин, Маркази байналмилалии илмию техникӣ, Бонки умумиҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ қарор доранд.
Ин ҳамкориҳо барои рушди иқтидори илмӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхис ва баланд бардоштани сатҳи амнияти биологӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Илм — такягоҳи истиқлол
Имрӯз дастовардҳои Озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои вирусии паранда намунаи равшани саҳми илми тоҷик дар таъмини амнияти биологӣ, ҳифзи саломатии саршумори парандагон ва рушди соҳаи ветеринарӣ мебошанд.
35 соли Истиқлоли давлатӣ — 35 соли рушди устувор, созандагӣ ва болоравии мақоми илми миллӣ мебошад.
Бо итминон метавон гуфт, ки олимон ва мутахассисони озмоишгоҳ бо истифода аз таҷрибаи андӯхта ва технологияҳои муосир минбаъд низ дар рушди илми ветеринарӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва таъмини амнияти биологии кишвар саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!
Илм — неруи пешбарандаи ҷомеа!
Истиқлол — асоси рушди илм, маърифат ва ояндаи дурахшони миллат!
Мудири шуъбаи иттиллоот машварат ва дастовардҳои илмӣ ИМАББ Идиева Шаҳло