Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои нави Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад. Айни замон дар иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ тибқи нақша ва бо истифода аз усулҳои муосири…
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои нави Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад.
Айни замон дар иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ тибқи нақша ва бо истифода аз усулҳои муосири сохтмонӣ ба роҳ монда шуда, марҳилаҳои навбатии корӣ амалӣ гардида истодаанд.
Бунёди иншооти нав ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда барои фаъолияти кормандон, баланд бардоштани самаранокии кор ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Лозим ба зикр аст, ки сохтмони иншооти мазкур бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар масоҳати 0.20га замин аз ҷониби МД “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст.
Ин иқдоми созанда боз як қадами устувор дар роҳи ободии пойтахт ва татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.