Имрӯз, 14 августи соли 2026, дар шакли видеоконфронс ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба баррасӣ ва мувофиқаи лоиҳаи Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо ташаббуси…
Имрӯз, 14 августи соли 2026, дар шакли видеоконфронс ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба баррасӣ ва мувофиқаи лоиҳаи Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои ИДМ ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа иштирокчиён лоиҳаи Созишномаро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба масъалаҳои марбут ба ҳадафҳо, вазифаҳо, принсипҳои фаъолияти Шӯро ва самтҳои ҳамкории давлатҳои аъзо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Иштирокчиён ҷонибдории худро аз таъсиси Шӯро иброз намуда, аҳаммияти онро дар таҳкими ҳамкории бисёрҷониба, баланд бардоштани самаранокии иҷрои санадҳои судӣ ва дигар санадҳои мақомоти ваколатдор, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидор таъкид карданд.
Дар доираи ҷаласа аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ИДМ, инчунин лоиҳаи Қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ оид ба масъалаи мазкур пешниҳод гардид, ки аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа якдилона дастгирӣ ёфт.
Дар натиҷаи мувофиқаи муштарак, баррасии лоиҳаи Созишнома дар сатҳи коршиносон ба анҷом расида, лоиҳаи мувофиқашуда дар муҳлати муқарраргардида барои баррасӣ дар сатҳи ҳукуматҳо ба давлатҳои аъзои ИДМ ирсол карда мешавад.