Дар дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид, ки ба таҳлилу баррасии асари машҳури нависандаи ирландӣ Ҷорҷ Бернард Шоу — «Пигмалион» бахшида шуд. Дар ин чорабинӣ кормандони…
Дар дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид, ки ба таҳлилу баррасии асари машҳури нависандаи ирландӣ Ҷорҷ Бернард Шоу — «Пигмалион» бахшида шуд. Дар ин чорабинӣ кормандони Хадамот фаъолона иштирок намуда, дар фазои дӯстона ва пур аз мубоҳисаҳои судманд андешаҳои худро оид ба муҳтавои асар баён карданд.
Дар ҷараёни маҳфил мазмуни асосии асар мавриди таҳлил қарор гирифта, масъалаҳои муҳим, аз ҷумла нақши тарбия ва маърифат дар ташаккули шахсият, таъсири муҳити иҷтимоӣ ба ҷаҳонбинӣ ва рафтори инсон, муносибатҳои байни табақаҳои ҷомеа, арзиши эҳтироми шахсият, фарҳанги муошират ва худшиносӣ ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд.
Иштирокчиён ҳамчунин ба ҳунари эҷодии Бернард Шоу, сабки нависандагӣ ва аҳамияти асари «Пигмалион» дар адабиёти ҷаҳон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар фарҷоми маҳфил таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ба баланд бардоштани сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ, рушди тафаккури таҳлилӣ, такмили малакаҳои суханварӣ ва таҳкими фарҳанги мутолиаи кормандон мусоидат менамояд.
Маҳфили «Бардошти маънӣ» ҳамчун як иқдоми арзишманд дар Хадамоти иҷро минбаъд низ мунтазам баргузор гардида, барои ғанӣ гардонидани маърифати фарҳангии кормандон ва таҳкими муҳити зеҳниву эҷодӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.