Санаи 24 июни соли 2026 дар шахри Хучанди вилояти Суғд семинар - машварати омӯзишӣ дар мавзуи “Низоми электронии гардиши ҳуҷҷатҳо: тартиби истифода ва масъалаҳои амалии корбарӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро” барои сардорон ва мудирони шуъбаву бахшҳои…
Санаи 24 июни соли 2026 дар шахри Хучанди вилояти Суғд семинар - машварати омӯзишӣ дар мавзуи “Низоми электронии гардиши ҳуҷҷатҳо: тартиби истифода ва масъалаҳои амалии корбарӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро” барои сардорон ва мудирони шуъбаву бахшҳои Хадамоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва дигар кормандони дахлдор оғоз гардид.
Иқдоми мазкур дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 роҳандозӣ гардида, ба таҳкими низоми идоракунии давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро, баланд бардоштани сатҳи масъулияти хизматӣ, такмили малакаҳои касбӣ ва донишҳои соҳавӣ, инчунин густариши истифодаи технологияҳои рақамӣ равона шудааст.
Дар маросими ифтитоҳ сардори раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд Абдулфайзи Умаршоҳ қайд намуд, ки такмили механизми танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро омили муҳимми таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, инчунин, баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ мебошад.
Семинар - машварати омӯзишӣ давоми рӯзҳои 24-25 июн идома ёфта, дар доираи он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:
- риояи стандартҳои рафтор ва қоидаҳои одоби кормандони мақомоти иҷро ҳамчун омили муҳими рушди мақомот;
- фаъолияти коргузорӣ дар мақомоти иҷро: мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он;
- рақамикунонии равандҳои истеҳсолоти иҷро, татбиқи низомҳои иттилоотии соҳавӣ ва истифодаи хизматрасониҳои электронӣ;
- низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ: самараноки ва тартиби истифодаи он (барномаи edo.innovation.tj);