Бо мақсади тавсеаи ҷаҳонбинии маънавӣ ва шиносоӣ бо мероси ғании ниёгон, кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи мардумшиносии Академияи миллии илмҳои кишвар боздид ба амал оварданд. Ин иқдоми наҷиб дар партави…
Бо мақсади тавсеаи ҷаҳонбинии маънавӣ ва шиносоӣ бо мероси ғании ниёгон, кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи мардумшиносии Академияи миллии илмҳои кишвар боздид ба амал оварданд.
Ин иқдоми наҷиб дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат ва дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ» роҳандозӣ шуд.
Дар ҷараёни ин саёҳати маърифатӣ, кормандони Хадамот нигораҳои нодири осорхона, аз ҷумла ҳунарҳои дастӣ, либосҳои миллӣ, асбобҳои рӯзгор ва дигар ёдгориҳои таърихиро, ки инъикосгари тамаддуни деринаи халқи тоҷик мебошанд, мушоҳида намуданд. Тамошои ин осори куҳан ва шиносоӣ бо марҳилаҳои ташаккули фарҳанги мардумӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуда, боиси боло рафтани ҳисси ифтихори миллии онҳо гардид.
Зикр шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ барои хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати дарки амиқи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти ватандӯстӣ дар раванди фаъолияти хизматӣ нақши муҳим мебозад. Шиносоӣ бо таърихи куҳан ва суннатҳои аҷдодӣ на танҳо ҷаҳони маънавии кормандонро ғанӣ мегардонад, балки онҳоро ба ҳифзи дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ ҳидоят менамояд.
Ин боздид идомаи мантиқии нақшаи чорабиниҳои Хадамоти иҷро дар соли 2026 буда, ҷиҳати тақвияти худогоҳии миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти таърихӣ дар оянда низ чунин иқдомҳо амалӣ карда мешаванд.