Имрӯз дар доираи нақша-чорабиниҳои дохили идоравӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ», дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Имрӯз дар доираи нақша-чорабиниҳои дохили идоравӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ», дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии дастҷамъона баргузор гардид. Кормандони дастгоҳи марказӣ дар ин иқдом фаъолона иштирок намуда, дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва хуррамгардонии ҳудуди мақомот саҳм гузоштанд.
Дар рафти шанбегӣ кормандон саҳни ҳавлӣ ва атрофи биноро аз партовҳову алафҳои бегона тоза намуда, бехи дарахтони сояафкану гулбуттаҳоро нарм карданд. Ҳамчунин, роҳравҳо ва саҳни бино пурра шустушӯ ва ба тартиб оварда шуданд, ки ин ба ҳусни коргоҳ таровати тоза бахшид.
Мақсад аз ин чорабинӣ саҳмгузорӣ дар ободии пойтахт ва татбиқи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Роҳбарияти Хадамот таъкид намуд, ки чунин иқдомҳои ободонӣ дар мақомот ва воҳидҳои сохтории он минбаъд низ мунтазам идома меёбанд.