Бо мақсади истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳудудии он шанбегии дастаҷамъона бо иштироки кормандони…
Бо мақсади истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳудудии он шанбегии дастаҷамъона бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудӣ баргузор гардид.
Дар доираи чорабинии мазкур кормандон ба корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла тозакунии гирду атрофи биноҳои маъмурӣ, кабудизоркунӣ, шинонидани дарахтони сояафкан ва гулҳои мавсимӣ, инчунин ба тартиб даровардани муҳити корӣ машғул гардиданд.
Чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, масъулияти баланд ва эҳсоси ватандӯстӣ сурат гирифт.Ташкили чунин иқдомҳо на танҳо ба беҳтар гардидани ҳолати санитарӣ ва экологии муҳит мусоидат менамояд, балки ҷиҳати таҳкими рӯҳияи ҳамбастагӣ, тарбияи ҳисси эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ миёни кормандон аҳаммияти муҳим дорад.
Маврид ба зикр аст, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ заминаи асосии рушди устувори кишвар буда, ҳар як корманди мақомоти давлатӣ вазифадор аст бо фаъолияти содиқона ва масъулиятшиносона дар таҳкими пояҳои он саҳмгузор бошад.