Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (солҳои 2026–2030) тадбирҳои мақсаднокро ҷиҳати таҳкими шаффофият, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ роҳандозӣ менамояд.
Дар ин замина, бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои калидии татбиқи самараноки Стратегия, муайян намудани хавфҳои эҳтимолии коррупсионӣ дар фаъолияти истеҳсолоти иҷро ва роҳҳои бартарафсозии онҳо мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Дар доираи ин марҳила, фаъолияти Хадамот ба самтҳои афзалиятноки зерин равона карда шудааст:
-такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба пешбурди истеҳсолоти иҷро, бо дарназардошти бартараф намудани омилҳои хавфи коррупсионӣ;
-рақамикунонии равандҳои иҷро, аз ҷумла ҷорӣ намудани системаҳои иттилоотии муосир, ки имконияти дахолати субъективиро коҳиш медиҳанд;
-таҳкими назорати дохилӣ ва интизоми хизматӣ, бо истифода аз механизмҳои мониторинг ва аудит;
-баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии кормандон, тавассути баргузории омӯзишҳо, семинарҳо ва чорабиниҳои иттилоотӣ;
-таъмини дастрасии ҷомеа ба иттилоот, аз ҷумла тавассути нашри маълумоти дахлдор дар сомонаҳои расмӣ ва дигар манбаъҳои иттилоотӣ.
Зимни чорабинӣ намояндаи Агентӣ оид ба талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ, татбиқи стандартҳои рафтори хизматчии давлатӣ, инчунин тақвияти механизмҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, бо мақсади таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ, Хадамоти иҷро ҳамкории худро бо мақомоти дахлдори давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд тақвият бахшида, ҷиҳати татбиқи самараноки чорабиниҳои пешбинишуда тадбирҳои мушаххас меандешад.
Қобили зикр аст, ки татбиқи босамари марҳилаи дуюми Стратегияи мазкур ба баланд гардидани эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ, таҳкими волоияти қонун ва таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мусоидат менамояд.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия тамоми имконияту захираҳои мавҷударо сафарбар намуда, ба татбиқи пурраи ҳадафҳои Стратегияи давлатӣ саҳми назаррас мегузорад.