Тибқи нақшаи фаъолиятҳои маърифатӣ дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабии навбатии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид. Ин навбат таваҷҷуҳи иштирокчиён ба баррасӣ ва таҳлили амиқи асари пурмазмуну таъсиргузори адиби…
Тибқи нақшаи фаъолиятҳои маърифатӣ дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабии навбатии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид. Ин навбат таваҷҷуҳи иштирокчиён ба баррасӣ ва таҳлили амиқи асари пурмазмуну таъсиргузори адиби барҷастаи тоҷик Садриддин Айнӣ — «Ҷаллодони Бухоро» нигаронида шуд.
Дар оғози маҳфил муҳтаво ва аҳамияти таърихию иҷтимоии асар муаррифӣ гардида, таъкид шуд, ки «Ҷаллодони Бухоро» на танҳо як асари бадеӣ, балки як санади муҳими таърихист, ки вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аморати Бухороро дар давраи ҳукмронии золимона бо равшанӣ инъикос мекунад.
Зимни музокираҳои адабӣ, баромадкунанда қайд намуд, ки муаллиф бо ҷасорат ва маҳорати баланди тасвиргарӣ зулму истибдод, ноадолатӣ ва ҷаҳолатро маҳкум намуда, ҳамзамон андешаи бедории мардум, адолатхоҳӣ ва озодандеширо тарғиб кардааст. Таҳлилҳо нишон доданд, ки образҳо ва воқеаҳои тасвиршуда дар асар барои дарки амиқи арзишҳои инсонӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва муқовимат ба беадолатӣ аҳамияти хос доранд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки мутолиаи «Ҷаллодони Бухоро» барои ҳар як фард, бахусус хизматчии давлатӣ, дар роҳи таҳкими ҳисси масъулият, адолатпарварӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.