Дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” корҳои сохтмонӣ дар бинои бунёдшавандаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи…
Дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” корҳои сохтмонӣ дар бинои бунёдшавандаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд.
Сохтмони иншооти мазкур бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар масоҳати 0.20га замин аз ҷониби МД “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст.
Корҳои сохтмонӣ бо риояи талаботи муосир идома дошта, иншооти нав ба беҳтар гардидани шароити фаъолият ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон мусоидат хоҳад намуд.