Тибқи нақшаи фаъолиятҳои маърифатӣ дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабии навбатии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид. Ин навбат таваҷҷуҳи иштирокчиён ба баррасӣ ва таҳлили амиқи китоби машҳури нависанда ва равоншинос…
Тибқи нақшаи фаъолиятҳои маърифатӣ дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабии навбатии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид. Ин навбат таваҷҷуҳи иштирокчиён ба баррасӣ ва таҳлили амиқи китоби машҳури нависанда ва равоншинос Роберт Грин — «48 қонуни қудрат» нигаронида шуд.
Дар ибтидои маҳфил муҳтаво ва ҷанбаҳои ғоявии асар муаррифӣ гардида, таъкид шуд, ки ин навишта на танҳо як дастур барои расидан ба мақсад, балки як таҳлили амиқи таърихӣ ва равоншиносии рафтори инсонҳо дар тӯли қарнҳост.
Зимни музокираҳои адабӣ баромадкунандагон қайд намуданд, ки дар ин асар «қудрат» на ҳамчун воситаи ҳукмронӣ, балки ҳамчун ҳунари идораи нафс, доштани стратегияи дақиқ ва зиракии зеҳнӣ маънидод мешавад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дарки қонунҳои муошират ва рафтор, ки дар китоб зикр шудаанд, барои хизматчии давлатӣ ҷиҳати таҳкими интизоми ботинӣ, ҳушёрӣ ва қабули қарорҳои хирадмандона дар лаҳзаҳои ҳассос аҳамияти хос дорад.
Дар фарҷоми маҳфил хулоса гардид, ки мутолиа ва таҳлили чунин осори ҷаҳонӣ барои ташаккули тафаккури интиқодӣ, боло бурдани маҳорати роҳбарӣ ва дарки дурусти муносибатҳои байнишахсӣ дар байни кормандон нақши калидӣ мебозад.
Маҳфил дар фазои мубодилаи озоди афкор ва созанда ба анҷом расида, иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни стратегияҳои муваффақият ва одоби касбӣ андешаҳои ҷолиби худро баён доштанд.