Дар тӯли таърихи башарият на ҳар рамз тавонистааст, ки дар қалбҳои як миллат ҷойгоҳи ҷовидона пайдо кунад. Аммо парчами миллӣ ҳамеша аз зумраи он муқаддасоте маҳсуб меёбад, ки на танҳо рамзи давлат, балки рамзи ҳастӣ, иззату шараф ва руҳи таърихии халқро таҷассум менамояд. Барои миллати тоҷик низ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як ливои ранга нест, балки бахше аз худшиносии миллӣ, оинаи таърихии ниёгони миллат, рамзи давлатдории қадимаву муосир, нидои пояндагӣ ва фанонопазирии тоҷикон мебошад.
Ҳар миллат дорои рамзҳоест, ки дар тӯли асрҳо онро ба ҳам меорад, муттаҳид месозад ва дар миёни дигар халқу миллатҳо муаррифӣ менамояд. Барои тоҷикон чунин рамз парчам аст – парчаме, ки аз дирафши ориёӣ сарчашма гирифта, бо шукӯҳи таърихӣ ва муҳтавои фарҳанги бостонӣ ба давлати соҳибистиқлоли мо рӯҳи тоза бахшидааст.
Акси худшиносӣ дар ранг-ранги парчами давлатӣ, ки бозгукунандаи ҷасорату матонат, ҷавонмардӣ ва муборизаи қаҳрамононаи халқи бошарафу боиззати тоҷик барои ҳуррият ва озодии меҳан мебошад, инъикос ёфта, ҳамчун ормони сабзидаи мардум ва рамзи сулҳу давлатдории миллӣ ҳисобида мешавад. Ин се ранг дар паҳлӯи ҳам гӯё таърихи деринаи тоҷиконро мисли як дафтари равшан боз мекунад: гузашта, имрӯз ва фардо. Ва нуқтаи аз ҳама зариф ва муҳими ин матои муқаддас барои ҳар фарди соҳибхираду мулоҳизакор, ин тоҷ бо ҳафт ситора – рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва саҳми ниёгони арҷманди тоҷикон дар бунёди тамаддуни бостонӣ мебошад. Тоҷ худ рамзи соҳибдавлатии тоҷикон ва ҳафт ситора баёнгари нури маърифат, маънии покии асолат, ифшокунандаи баландии камолоти рӯҳӣ ва ахлоқӣ, ки ҳамеша дар фарҳанги мо ҷойгоҳи хоса доштаанд.
Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон аз қадимулайём соҳиби дирафши худ будаанд – дирафши ковиён, ки рамзи озодӣ, қаҳрамонӣ, сарсупурдагӣ ва намунаи олии муҳаббат ба меҳан арзёбӣ мегардад, дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ҳамчун нишони мубориза барои адолат ва озодии мардум сабт шудааст. Парчами имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол идомаи ҳамон рӯҳия ва ҳамон асолати миллӣ мебошад – идомаи адолатталабӣ, созандагӣ, озодихоҳӣ ва худшиносии миллӣ. Ин пайванди таърихӣ аз дирафши ковиён то парчами давлатӣ моро ба ҳам мепайвандад ва хотиррасон месозад, ки мо ворисони як фарҳанги бою бостонӣ ва миллати дорои шукӯҳу шуҷоат ва шарафу иззати азалӣ ҳастем.
Бо баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, зарурати пешниҳод ва қабули парчами нави давлатӣ, ки баёнгари арзишҳои миллӣ ва нишондиҳандаи мустақилияти давлати миллии тоҷикон бошад, ба миён омад. Парчами давлатии кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон дар замони бисёр ҳассоси таърихӣ, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт, санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи сарнавиштсози XVI-уми Шурои Олӣ бо пазироии якдилонаи вакилони мардумӣ ва бӯсидани матои муқаддаси парчами навини давлатӣ, ҳамчун ибрози эҳтирому садоқат ба сарзамини аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳангу арзишҳои миллӣ бо эҳсоси ифтихору саодати ватансозӣ қабул гардида, аз ҳамон рӯз ба тимсоли давлатдорӣ, рамзи соҳибихтиёрӣ, нишона аз тамаддуни пурифтихори ниёгон ва ҳувияту ҳуррияти комили миллӣ табдил ёфт.