31 июли соли 2026 дар Институти ҳифзи растаниҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои олимон таҳти раёсати директори Институт, доктори илмҳои кишоварзӣ Саидзода Раҳмон Фатҳулло баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини директор…
31 июли соли 2026 дар Институти ҳифзи растаниҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои олимон таҳти раёсати директори Институт, доктори илмҳои кишоварзӣ Саидзода Раҳмон Фатҳулло баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини директор оид ба илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ Қодирзода Ф.Т. оид ба натиҷаҳои фаъолияти илмию истеҳсолии Институт дар ва самтҳои афзалятноки соҳаи ҳифзи растаниҳо маърӯза намуд.
Ҳамчунин, котиби илмии Институт, номзади илмҳои кишоварзӣ Содиқов А.Т. доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотии шуъбаву озмоишгоҳҳо гузориш пешниҳод намуд.
Дар муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома инчунин Холматов А.Ю., Фозилҷонов А.Н., Ҳамидов А.Қ. ва Негматов С.Ҳ. баромад намуда, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда пешниҳодҳои судманд ироа карданд.
Аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдори Шурои олимон қабул гардида, барои иҷро ба сохторҳои дахлдори Институт пешниҳод шуданд.