Мулоқоти раиси ноҳия бо имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ мулоқоти раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин бо имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои муҳими вобаста ба таъмини суботу оромӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии ифротгароӣ ва терроризм, инчунин баланд бардоштани масъулияти ҷомеа дар тарбияи насли ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки дар шароити имрӯза ҳифзи сулҳу субот ва фазои ороми ҷомеа вазифаи масъулиятноки ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Хусусан, дар масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳамкории мақомоти давлатӣ, сохторҳои дахлдор, аҳли ҷомеа, падару модарон ва ходимони дин аҳамияти муҳим дорад.
Зикр гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлату миллат бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба қонун, арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва таҳаммулпазирӣ тарбия ёбанд. Дар ин самт ба корҳои фаҳмондадиҳӣ, суҳбату вохӯриҳо бо ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиву динии онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардан зарур аст.
Дар идомаи мулоқот имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ андешаву пешниҳодҳои худро баён намуда, барои густариши корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон омодагии худро иброз доштанд.
Ҷовид Қувватзода "Навиди Ҳамадонӣ"