Неъмате беҳтар зи истиқлол нест
Табрикоти раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин ба муносибати Ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!
35 сол қабл халқи куҳанбунёди соҳибмаърифату фарҳангпарвари мо ба дастоварди таърихӣ - истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо ин рўйдоди бузургро бо ифтихору эҳсоси баланди ватандорӣ истиқбол мегирем.
Бинобар ин, аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи сокинони ноҳия ва дар симои шумо тамоми мардуми сарбаланди кишварамонро ба муносибати ин рӯйдоди арзишманди таърихиву сиёсӣ- 35 солагии Истиқлолу озодии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳамаи шумо бахту саодат, рӯзгори пур аз шодиву нишот ва Ватани орому осоиштаро таманно менамоям.
Тоҷикистон маҳз ба шарофати ба даст овардани истиқлолият ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ эътироф гардида, дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати дорои Парчаму Нишони миллӣ ва таъриху фарҳанги ба худ хос мавқеи худро пайдо намудааст.
Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд.
Сиву панҷ сол пеш орзўи беш аз њазорсолаи халќи тољик амалӣ гардид. Ин воқеаи бузургтарин дар таърихи њазорсолаи халқи мо мебошад. Ин рӯйдодро гузаштагони мо садсолаҳо орзу мекарданд ва барои ба даст овардани озодӣ мардони бонангу номуси миллат ҷоннисориҳои зиёд кардаанд.
Истиқлолият ва озодб дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо, кафили пешрафт, шарти бақои миллату давлат ва забони миллӣ мебошад.
Истиқлолияте, ки насиби миллати тоҷик гардид, дучори хатарҳои фалокатбори мудҳиш гардид. Мутаассифона, як гуруҳ бадхоҳони миллат дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро оғоз намуданд, ки он барои Истиқлоли Тоҷикистон хатари марговар эҷод намуд. Маҳз дарки ин хатарҳои даҳшатбор нерўҳои ватандўсти кишварро иродае бахшид, ки онҳо барои қатъи ҷанг ва ризоияту ваҳдати миллӣ ҳамчун зомини ҳифз ва таҳкими истиқлол ба майдон бароянд.
Қадами нахустини ҷасурона ва устувории онҳо дар Иҷлосияи таърихии 16–уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. Дар асл дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз оғози наҷоти Истиқлоли Ватан аз тарафи мардуми кишвар ва аксари нерўҳои сиёсӣ дарк гардид, ки танҳо бо роҳи ризоияти сиёсӣ ва ваҳдати умумимиллӣ ба сулҳу субот расидан имкон дошт.
Бо мурури замон ҳаёт дурустии ин роҳро исбот кард. Аз баракати сулҳ дар мамлакат мақомот ва сохторзои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз марказ то маҳалҳо барқарор гардиданд. Дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз як миллион гурезаҳо ба љойи зисти пешинаашон баргардонида шуданд. Обод кардани харобаҳои ҷанг оғоз шуд. Ба воситаи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи мамлакат қабул гардид. Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ қабул ва парламенти нав интихоб карда шуд. Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ба роҳ монда, Артиши миллӣ ва Қушунҳои сарҳадӣ ташкил карда шуданд.
Сулҳу оромӣ - ин таъмини рушди бомароми иқтисодӣ, тадриҷан боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, мустаҳкамшавии сохторҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, инкишофи бунёдкориҳо мебошад. Муҳимтар аз ҳама таъмини амнияту субот дар кишварамон, рӯҳияи боварии мардумро ба ояндаи нек бештар намуд.
Боиси сарфарозиву хушнудист, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 180 кишвари олам ба расмият шинохта, зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ барқарор намуданд. Тоҷикистон узви бештар аз 80 созмонҳои бонуфузи байналхалқиву минтақавӣ буда, дар қатори 193 давлати дунё аъзои комилҳуқуқи СММ мебошад. 35 – соле, ки сипарӣ шуд, аз нигоҳи таърих он қадар давраи тӯлонӣ набошад ҳам, вале дар ин давра халқу миллати заҳматкашу меҳнатдӯсти мо бо сарварии Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузург ноил гардид.
Мо бояд бо тамоми ҳастӣ талошу кӯшиш намоем, ки пайравони сазовор ва ворисони арзандаи абармардони миллатамон бошем ва чароғи илму маърифатро ҳамеша фурўзон нигоҳ дорем. Чунки маҳз фарзандони бо ору номус ва фидокори ин сарзамин, шахсиятҳои мўътабари таърихӣ, чеҳраҳои барҷастаи сиёсӣ, илму адаб ва фарҳангу маърифат, чун Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Имоми Аъзам, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ, Аҳмади Дониш, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва родмарди дунёи сиёсат, Пешвои халқпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраҳои гуногуни таърихӣ дар ташаккули тамаддун ва давлатсозии мо саҳми арзишманд гузоштаанд.
Боиси ёдоварист, ки дар ноҳия 58 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ду муассисаи таҳсилотии типпи нав, аз ҷумла 1- литсейю як гимназия, 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, як Коллеҷи ғайридавлатии тиббӣ ва як Коллеҷи омӯзгорӣ фаъолият мекунанд. Дар зарфи 35- соли соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 15 муассисаи таълимӣ, 3 муассисаи томактабӣ, беш аз 30 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуда, бинои маъмурии шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимии № 2, 12, 42 ва муассисаҳои томактабии № 7, 8 бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи маорифи ноҳия беш аз 145 млн. сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ даҳҳо маротиба зиёд буда, нишонаи равшани рушду инкишофи соҳаҳои муҳими мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар ин давра бо мақсади рушди инфрасохтори соҳа беш аз 20 муассисаи таълимӣ аз таъмири саросарӣ бароварда шуда, корҳои таъмиру азнавсозӣ, сохтмони биноҳои нави таълимӣ, сохтмони бинои нави муассисаи томактабӣ ва дигар иншоотҳои муҳими соҳа бо маром идома дорад.
Дар ин давра бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилотҳои мавҷуда ҳамасола аз ҳисоби маблағгузории буҷаи давлатӣ ва дигар манбаҳо вазъи инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳтару хубтар гардида, танҳо дар соли ҷорӣ барои беҳбудии соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ 53 млн. сомонӣ равона карда шудаст, ки заминаи мусоид барои рушду инкишоф ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар соҳа мусоидат менамояд.
Аҳли заҳматписанди ноҳия аз ҳар порча замини кишоварзӣ самаранок истифода бурда, барои таъмини маҳсулотҳои тару тоза софдилона кор мекунанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки кишоварзони ноҳия дар соли ҷорӣ ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ маҳсулотҳои гуногуни кишоварзиро истеҳсол намуда, бозори дохилӣ ва шаҳри Душанберо бо маҳсули дасти хеш таъмин намудаанд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи кишоварзии ноҳия бамаротиб рушд карда, дар ин давра садҳо гектар боғу токзор ва гармхонаҳои мавсимии замонавӣ бунёд ёфтаанд, ки дар онҳо сокинони Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба кори мавсимиву доимӣ таъмин гардидаанд.
Мавриди зикр аст, ки сокинони ватандӯсти ноҳия барои дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе харҷи маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби даромадҳои худ беш аз 372 адад иншооти гуногуни таъйиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ, зиёда аз 144 километр роҳҳои автомобилгарди дорои аҳаммияти маҳаллӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар инфрасохтори муҳимми иҷтимоиро сохта, дар ободии диёр саҳми арзанда гузоштанд.
Лозим ба ёдоварист, ки мардуми сарбаланди ноҳия бо такя ба дастуру супоришҳои Пешвои маҳбуби миллат дар самти расидан ба ҳадафҳои олии мамлакат ва татбиқи амалии чор самти стратегӣ, ки ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва рушду пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ равона шудаанд, софдилона меҳнат намуда, ба дастовардҳои арзанда ноил гардиданд.
Мусаллам аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифзу дастовардҳои он тадриҷан ба дасти ҷавонон гузашта, ҳар қадар, ки фарзандони хешро дар руҳияи созандагиву бунёдкорӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем, ҳамон қадар ҳам ояндаи давлату миллатро бехатару амнтар месозем.
Ҳозирини гиромӣ!
Ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ яке аз музаффариятҳои асосии истиқлолият мебошад, ки бе ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҷомеаи воҳид ва мамлакати ягона сохтан ғайри имкон аст. Маҳз ваҳдату ягонагии миллӣ ба мо имкон дод, ки дар рушду инкишофи кишвари азизамон якдилу сарҷамъ корҳои бузургеро ба анҷом расонем. Танҳо дар сурати пойдории ваҳдати саросарӣ Истиқлолияти Ватан устувор ва ҷовидон монда, дар навбати худ ҳифзу таҳкими истиқлолият ҳамчун замина барои такомули дўстиву бародарии тамоми сокинони Ватани азизамон хизмат менамояд. Мардуми тоҷик маҳз бо файзу баракати истиқлолият ва ваҳдат ба давлатдории миллӣ ва ҷомеаи демократӣ расид.
Бо боварии комил метавон баён намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун ҷашни муқаддаси миллӣ ба инкишофи мафкураи солими наврасону ҷавонон, худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандўстӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси кишвар аст. Тавре дар Паёми имсолаашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Роҳи тайкардаи мо дар зарфи қариб 35-соли гузашта баръало нишон дод, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба анҷоми корҳои бузург қодиранд, Ватани хешро сидқан дӯст медоранд ва барои ҳимояи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодии худ ҳамеша омодаанд”.
Мо, сокинони ноҳия соли ҷорӣ ҳамаи ҷашнҳои умумимиллӣ, аз қабили 33 - солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар санаҳои таърихиро бо сари баланд истиқбол гирифта, Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ бо дастовардҳои арзанда таҷлил менамоем.
Бо итминони комил гуфта метавонам, ки мардуми ҳимматбаланди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат дар пайравӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ баҳри ободию пешрафти ноҳия ва Ватани азизамон ҳамеша саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар фарҷоми сухан бори дигар шумо, ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми шарафманди кишвари азизамонро ба муносибати бузургтарин дастоварди миллат – 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳамаи Шумо рӯзгори нек, тани сиҳат ва хонаободӣ таманно дорам. Ҳамеша сарбаланд бошед.
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз