ВАҲДАТИ МО — ПОЯИ УСТУВОРИИ ИСТИҚЛОЛ
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат муқаддастарин арзиш ва муҳимтарин дастоварди таърихист. Барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик низ 9 сентябри соли 1991 ҳамчун санаи тақдирсоз дар таърихи давлатдории миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Истиқлолият ба миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки соҳибихтиёрии худро таҳким бахшида, роҳи мустақили рушди давлату ҷомеаро интихоб намояд.
Аммо роҳи расидан ба суботи комил ва таҳкими пояҳои давлатдории навини Тоҷикистон осон набуд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои мардуми кишвар давраи бисёр ҳассосу душвор маҳсуб меёфт. Дар чунин шароит ҳифзи давлат, якпорчагии кишвар ва сарҷамъии миллат аз ҳар як шаҳрванди ватандӯст масъулияти бузургро тақозо мекард.
Хушбахтона, бо иродаи қавии мардуми Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаву сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи сулҳу оштӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ интихоб гардид. 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз боқӣ монд.
Ваҳдати миллӣ ба миллати тоҷик имконият дод, ки захмҳои ҷанги шаҳрвандиро табобат намуда, неруи созандаи худро ба ободии Ватан равона созад. Аз ҳамин ҷост, ки имрӯз Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар маънои сулҳ, оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба якдигарро дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа заминаи асосии рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мебошад».
Ин суханон моҳияти воқеии Ваҳдатро ба таври равшан ифода мекунанд. Зеро агар сулҳу субот набошад, созандагиву бунёдкорӣ низ имконнопазир мегардад. Ҳар мактаби нав, ҳар беморхонаву маркази саломатӣ, ҳар роҳи обод, ҳар корхонаи истеҳсолӣ ва ҳар иқдоми иҷтимоӣ маҳз дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ бунёд мешавад.
Имрӯз мо натиҷаи ин сулҳу Ваҳдатро дар тамоми гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ равшан эҳсос менамоем. Солҳои охир дар ноҳия корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намуда, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва дигар самтҳои иҷтимоӣ тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.
Махсусан, рушди соҳаи иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад. Бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои тандурустӣ, марказҳои хизматрасонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас ва дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа далели равшани он аст, ки инсон ва зиндагии шоистаи ӯ дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад.
Дар ин раванд мо — кормандони соҳаи иҷтимоӣ — масъулияти бештар дорем. Зеро рисолати мо танҳо иҷрои вазифаи хизматӣ нест, балки саҳм гузоштан дар таъмини зиндагии шоистаи мардум, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва таҳкими муҳити солими ҷомеа мебошад.
Ваҳдат пеш аз ҳама аз оила оғоз меёбад, дар маҳалла рушд мекунад ва дар ҷомеа ба неруи бузурги созанда табдил меёбад. Аз ин рӯ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстиву бародарӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як падару модар ва омӯзгор мебошад.
Имрӯз насли ҷавон соҳиби тамоми имкониятҳо барои таҳсил, касбомӯзӣ, варзиш, эҷодкорӣ ва фаъолияти созанда мебошад. Вазифаи мо ин аст, ки ҷавононро ба қадршиносии Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ҳидоят намоем ва ба онҳо фаҳмонем, ки сулҳу оромии имрӯза ба осонӣ ба даст наомадааст.
Бо гузашти солҳо аҳамияти Ваҳдати миллӣ барои мо бештар эҳсос мешавад. Агар Истиқлолият ба мо имкони соҳибихтиёр буданро фароҳам оварда бошад, Ваҳдати миллӣ барои ҳифз ва таҳкими ин истиқлолият заминаи устувор гузошт. Ин ду мафҳуми муқаддас бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд.
Ваҳдати мо аз Истиқлол аст ва Истиқлолияти мо бо Ваҳдат неру мегирад. Ин ҳақиқати таърихӣ бояд дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвар ҷой дошта бошад.
Мо бояд бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва соҳибистиқлолии Ватан баҳри пешрафту ободии Тоҷикистони азиз содиқона меҳнат намоем. Зеро ҳифзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ танҳо вазифаи давлат нест, балки қарзи виҷдонӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мост.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат роҳи пешрафту тараққиётро тай намуда истодааст. Мо низ бояд бо меҳнати содиқона, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ин раванди бузурги созандагӣ саҳми арзандаи худро гузорем.
Истиқлолият — ҳастии миллат,
Ваҳдат — неруи миллат,
ва ободии Ватан — масъулияти ҳар яки мост.
Бигзор Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷовидонӣ бошад, Ваҳдати миллии мо пойдору устувор бимонад ва Тоҷикистони азиз таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҳамеша ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадам гузорад!
Маҷидзода Фотима,
муовини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ