ҲОМИЁНИ ВАТАН — ТАРҒИБГАРИ ҒОЯҲОИ ВАТАНДӮСТӢ
Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин бо аъзоёни филиали ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии «Ҳомиёни Ватан»-и ноҳия мулоқот намуданд.
Дар оғоз раиси ноҳия аъзоёни филали ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии «Ҳомиёни Ватан»-ро ба муносибати ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, рӯзгори обод ва дар фаъолияти ҷамъиятиашон муваффақиятҳо орзу намуданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ буда, маҳз ба шарофати он Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол роҳи созандагиву бунёдкориро пеш гирифта, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо намудааст.
Раиси ноҳия саҳми шахсони ватандӯсту фаъолро дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Филиали ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии «Ҳомиёни Ватан» ҳамчун ниҳоди муттаҳидкунандаи шахсони дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар корҳои ҷамъиятӣ ва тарғиби ғояҳои созанда нақши назаррас дошта, бо фаъолияти худ ба таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан мусоидат менамояд.
Дар идомаи мулоқот барои фаъолияти самаранок, иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва саҳми арзанда дар тарғиби арзишҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ як қатор аъзоёни филиали ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии «Ҳомиёни Ватан» бо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Аъзоёни ташкилот, аз ҷумла раиси филиали ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии "Ҳомиёни Ватан" дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Нозимов Саломиддин Абдуғаффорович барои таваҷҷӯҳ ва дастгирии пайвастаи роҳбарияти ноҳия изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки дар оянда низ барои ободии диёр, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳми муносиб хоҳанд гузошт.
Истиқлолият неъмати бебаҳо ва асоси пойдории давлату миллат аст. Ҳифзу таҳкими он ва саҳм гузоштан дар ободии Ватани маҳбуб вазифаи ҳар як шаҳрванди соҳибифтихори Тоҷикистон мебошад.
Ҷовид Қувватзода, суратгир Некқадам Ашуралиев