Бисту шашуми августи соли равон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 – и Ҷамоати деҳоти Хоҷамуъмин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Фирдавс Ҳамро бо интихобкунандагон мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин иштирок ва баромад кард. Саидзода Фирдавс Ҳамро зимни суханронӣ доири дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳаёти ҷомеа ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуд.
Баъди вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоат бо иштироки раиси ноҳия ва вакили мардумӣ Саидзода Фирдавс Ҳамро дар деҳаи Гулобод “Дорухона” ва “Маркази савдо” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ш. Шарипов