Имрӯз дар доираи корҳои созандагию ободонӣ ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Даштигулои Ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маркази нави хизматрасонӣ ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи марказ раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Фирдавс Ҳамро иштирок намуданд.
Маркази хизматрасонӣ бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Шамонов Холмурод бунёд гардида, барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинони деҳа пешбинӣ шудааст.
Дар марказ ошхона, мағозаи хӯрокворӣ ва дукони гӯштфурӯшӣ фаъолият намуда, сокинон минбаъд метавонанд аз хизматрасониҳои зарурӣ дар маҳалли зисти худ истифода баранд.
Зимни ифтитоҳ таъкид гардид, ки бунёди чунин марказҳои хизматрасонӣ дар деҳот барои фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ, рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад.
Раиси ноҳия ба соҳибкор Шамонов Холмурод барои саҳм гузоштан дар ободии маҳал ва татбиқи иқдомҳои созанда изҳори сипос намуда, ҷиҳати фаъолияти самаранок ва пешниҳоди хизматрасонии босифат ба аҳолӣ тавсияҳои зарурӣ дод.
Ифтитоҳи маркази нави хизматрасонӣ дар деҳаи Даштигуло боз як қадами муҳим дар самти ободонии маҳал ва рушди инфрасохтори хизматрасонӣ ба шумор меравад.
Ҷовид Қувватзода