Имрӯз дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов ба ифтихори Рӯзи кормандони тиб чорабини идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин, муовини раиси ноҳия Маҷидзода Ф. С, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Рамазон Самадзода ва аҳли кормандони тибби ноҳия иштирок намуданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Набизода Ф. А, дар баромади худ , зикр кард, ки “Ҳамаи шумо, кормандони соҳаи тандурустӣ, ворисони асили Абуалӣ ибни Сино ҳастед ва бо дасту дилу нияти нек ба халқ хизмат мекунед” ва аҳли табибони ноҳияро ба Рӯзи кормандони тиб самимона табрику таҳният гуфта, барояшон рӯзгори неку саодатмандӣ таманно намуд.
Барномаи ҳунарии аҳли фарҳанги ноҳия ба иштирокчиёни чорабинӣ руҳи тоза бахшид.
Дар фарҷом ба кормандони фаъоли тибби ноҳия нишони “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ва Сипосномаи раиси ноҳия супорида шуд.