ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ МУҲТАРАМ НАБИЗОДА ФАРРУХУДДИН АМУРДИН БАХШИДА БА ИДИ КАСБИИ ТАБИБОН
18.08.2026
Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустии ноҳия!
Пеш аз ҳама, аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумо, кормандони соҳаи тандурустӣ, ворисони асили Абуали ибни Синоро ба муносибати иди касбиатон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон рӯзгори осуда, умри дароз ва хонаи ободу ором орзу менамоям.
Мусаллам аст, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар замони соҳибистиқлолии кишвар бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Хукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонида истодааст.
Ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар кишвари маҳбубамон барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст. Рушду равнақи соҳаи тиб рукни муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта , доимо таҳти таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат инфрасохтори соҳаи тандурустии ноҳия марҳила ба марҳила беҳтар карда шуда, дар ин давра беморхонаҳои минтақавӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо ҷалби маблағҳои буҷаи давлат, сармоягузории Барномаҳои байналмилалӣ, шахсони саховатпеша ва соҳибкорони маҳаллӣ пурра таъмир шуданд.
Саломатӣ барои ҳар як инсон гавҳари ноёб ва неъмати бузург аст, ки аз зару зевар арзишмандтар буда, ин неъмати пурарзишро маҳз табибон барои мо ҳифз мекунанд. Табибон охирин даргоҳи умеди шахсони бемор мебошанд. Онҳо на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо сухани нарму лафзи ширин, нигоҳи гарму дили пурмеҳр бо беморон муносибат намуда, пеш аз ҳама бо муносибати олии инсонӣ ба беморон шифо бахшанд. Муоширати хуб ва муносибати ҳалимона нисбат ба бемор ними табобат буда, ба ӯ қувват мебахшад ва дардашро сабук мегардонад. Маҳз чунин рафтору кирдор, ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон бояд масъулияти касбӣ, пешаи ҷавонмардӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як табиб бошад.
Ва дарвоқеъ нафаре, ки хилъати сафедро ба бар мекунад, бояд шахси поку нексиришт ва беғараз бошад, ба инсон холисонаву самимона ва бо ахлоқу одоби ҳалимона хизмат расонад.
Табибони азиз, бояд Шумо ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки пайравони Синои бузург мебошед. Ин алломаи замон дар вазнинтарин рӯзҳои сахти мардум аз онҳо ҷудо нагардид, тамоми донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хешро барои шифои беморон сарф намуд, тамоми умри худро сарфи хидмати мардум карда буд.
Ҳамасола дар кишвари азизамон 18-уми август ҳамчун рӯзи зодрӯзи табиби машҳури тоҷик Абуалӣ ибни Сино таҷлил мегардад, ки барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ифтихори бузург ба ҳисоб меравад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки касби табибӣ яке аз пешаҳои муҳимтарини инсонӣ ба шумор меравад, ки дар таърихи фарҳанги башарӣ мақом ва мартабаи хоса дорад. Табибон нафароне мебошанд, ки инсоният ҳамеша ба онҳо ниёз дорад. Аз ин ҷост, ки мардум ба табибон ҳамчун наҷотбахши ҷони хеш муроҷиат мекунанд. Воқеан, дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дорад. Тӯли асрҳо аҷдодони донишманди мо ба мисли Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва даҳҳо дигарон ганҷинаи бебаҳои тибби ҷаҳониро ба вуҷуд овардаанд. Фарзандони баруманди миллати соҳибхиради тоҷик барои ҳифзи саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати мардум аз тамоми имконияту воситаҳо истифода намуда, дар ин ҷода заҳматҳои зиёд кашида, дар ҷаҳон маъруф ва миёни халқияту миллатҳои гуногун маҳбубият пайдо кардаанд.
Шайхулраис Абуалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ, зиёда аз ҳазор сол муқаддам бо китоби беназиру арзишманди худ “Қонуни тиб” собит намуд, ки халқи фарҳангпарвари тоҷик дар соҳаи тиб низ метавонад мақоми ҷаҳонӣ касб намояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи хеш ба рушди иҷтимоиёт ва иқтисодиёти кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид доранд, ки "Агар ҳадафи мо бунёди ҷомеаи солим ва соҳибмаърифат бошад, пас таваҷҷуҳамонро ба ҳифзи саломатии ҳар як инсон бояд равона намоем. Дар хотир дорем, ки танҳо насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим метавонад бунёдгузори ҷомеаи нав бошад".
Ҳар як табиби тоҷику тоҷикистонӣ бояд аз он ифтихор намояд, ки пайрави чунин шахсияти баруманди сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Имрӯз замоне фаро расидааст, ки табибони мо, махсусан, табибони ҷавон ба осори гаронбаҳои ин нобиғаи ҷаҳонӣ рӯ биоваранд ва аз гуфтаҳои ӯ дар фаъолияти кории хеш истифода намоянд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар остонаи ҷашни муқаддаси миллӣ 35-солагии Истиқлоли Ватани азизамон қарор дорем ва моро мебояд, ки ин ҷашни бузургро сазовор пешвоз гирифта, дар рушду инкишофи Ватанамон саҳмгузор бошем. Набояд фаромӯш кард, ки тамоми дастовардҳо ва имкониятҳои имрӯза маҳз ба шарофати истиқлолу озодии кишвари азизамон ба мо муяссар шуда, бояд онро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳтиёт намоем. Истиқлолу озодӣ неъмати бебаҳо ва ноёбест, ки ба миллати мо бо роҳи осон ба даст наомада, балки бо талошу қурбониҳои бузург муяссар шудааст.
Бовар дорам, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ дар ноҳия, пеш аз ҳама, табибону ҳамшираҳои шафқат минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, ҳам шарафи касбии пурифтихори хешро баланд мебардоранд ва ҳам шифобахши дарди мардум мегарданд.
Бори дигар ҳамаи шумо ва тамоми кормандони соҳаи тандурустии кишварро ба муносибати ҷашни касбӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар ин кори заҳматталабу пуршараф барору муваффақият орзу менамоям.
Ҳамеша саодатманд ва сарбаланд бошед!