Иқдомҳои нек дар Ҷамоати деҳоти Заркӯҳ амалӣ мегарданд.
14.05.2026
Дар доираи ҳидоятҳо ва иқдомҳои наҷибонаи Роҳбарияти Олии кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Президенти мамлакат оид ба эълон намудани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар гушаву канори ноҳия бо дастуру супоришҳои раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин корҳои созандагиву ободонӣ мароми тоза дорад.
Чунин як иқдоми неки дигар дар Ҷамоати деҳоти Заркӯҳ аз ҷониби соҳибкорони бо нангу номуси ин деҳа пешша гирифта шуд.
Соҳибкори маҳаллӣ Саидов Сафаралӣ Саидмуминович бо ғуруру нанг ва ғайрати ҷавонмардӣ тасмим гирифтааст, ки бинои Беморхонаи марказии Ҷамоати деҳоти Заркӯҳро пурра таъмиру азнавсозӣ намоянд.
Гуфта мешавад, ки бинои мазкур солҳои 90-ум сохта шуда, имрӯз ба таъмиру азнавсозӣ ниёз дорад. Таҷдиду бозсозии иншоотҳои инфрасохтори иҷтимоӣ яке аз ҳадафҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, дар ин самт тадбирҳои судмандро меандешанд.
Соҳибкори маҳаллӣ Сафаралӣ Саидов низ аз ин сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат руҳу илҳом гирифта, баҳри беҳбуд бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ва беҳтар кардани шароити мусоид барои муолиҷаву табобат ин иқдомро рӯи кор гирифтаанд.
Зимни боздид дар маҳал муовинони соҳаи идеологӣ ва иҷтимоӣ ин иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат ва ҷавонмардӣ ҳисобида, изҳори миннатдорӣ ба падару модари эшон намуданд.
Тасмим гирифта шуд, ки дар асоси нақша ва лоиҳаи бахши меъморӣ ва сохтмонии ноҳия бинои мазкур аз таъмири пурра бароварда шуда, шароити мусоиди корӣ таъмин карда мешавад.
Ҷовид Қувватзода