Дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон бахшида ба ҷашни рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабини сиёси – маърифатӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ ва таҳкимбахши давлатдории миллӣ” баргузор гардид. Чорабиниро сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ муҳтарам Шералӣ Мирзо ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, қайд намуданд, ки “Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфта, ба таври ҳамешагӣ вориди рӯзгори мо шуд ва пояҳои давлатдорию давлатсозиамонро боз ҳам таҳким бахшид. Зикр карда шуд, ки 27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун рӯзи сарнавиштсоз сабт гардида, бо имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба низои дохили хотима бахшида шуд.
Дар идома Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо маърузаи “Пешвои миллат – ташаббускор ва таҳкимбахши сулҳу ваҳдати ҷаҳонӣ” баромад намуда, зикр кард, ки сиёсати сулҳофаронаи Пешвои миллат дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯз барои ҳифзи субот ва таъмини рушди устувори кишвар аҳаммияти бузурги таърихӣ дорад. Номбурда таъкид намуд, ки сулҳу ваҳдат ҳамчун неъмати бебаҳои миллӣ маҳз бо ҷоннисорӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ба даст омадааст. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи нодири ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар арсаи байналмилалӣ пазируфта шудааст. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳифзи ин дастоварди бузург вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки сулҳу ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди даврони истиқлол буда, ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.