Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 29-ум солгардӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ аз мавзеҳҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Балҷувон дидан намуданд.
Дар даромадгоҳи ноҳия меҳмононро роҳбарияти ноҳия пешвоз гирифта, баъдан тибқи барномаи таҳрезишуда аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Балҷувон ва муассисаи давлатии "Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон", ки санаи 11-уми сентябри соли 2025 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд, ки ин маконии ҷолиби сайёҳӣ ва Қалъаи таърихии Балҷувон ба яке аз мавзеҳои дӯстдоштаи сокинони кишварамон табдил ёфтааст, дидан намудаанд.
Дар ҷараёни боздид кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо толорҳои намоишӣ, бозёфтҳои таърихӣ ва гӯшаҳои фарҳангии марказ аз наздик шинос шуданд. Ба кормандон оид ба таърихи бостонии минтақа, мероси фарҳангии ниёгон ва саҳми сокинони ноҳияи Балҷувон дар рушду таҳкими давлатдории миллӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Қайд карда мешавад, ки таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар рамзи сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидии ҷомеа мебошад. Дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваҳдати пойдори миллӣ ба даст омадаанд.
Дар анҷоми боздид кормандон аз фаъолияти Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Балҷувон ва Маркази таърихию фарҳангии ноҳияи Балҷувон изҳори қаноатманди намуда, итминони комил ҳосил намудем, ки тамошои ин ва дигар мавзеҳои фарҳангиву сайёҳӣ, ки таҷассумгари таъриху фарҳанги ғании миллати тоҷик мебошад, сарзаминҳои муқаддаси кишвари моро дар арсаи ҷаҳон ба таври шоиста муаррифӣ хоҳад намуд.