Санаи 5 июни соли 2026 дар Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ чорабинии маърифатӣ дар мавзӯи «Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, омилҳои сар задани коррупсия ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи нақшаи кории Саридора, ҳамзамон ҷиҳати таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм солҳои 2026 – 2030” баргузор гардида, дар он намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ваколатдор набуда, балки масъулияти муштараки тамоми ҷомеа мебошад. Қайд гардид, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ аз омилҳои муҳими коҳиш додани хавфҳои коррупсионӣ ба шумор мераванд.
Дар анҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.