Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2006, №791 Муассисаи давлатии илмии «Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ»-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Бо қарори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 09.02.2007, №12а дар пойгоҳи Озмоишгоҳи «Ҳифзи захираҳои генетикии растаниҳои кишоварзии ИИИ «Зироаткорӣ»-и АИКТ ва Шуъбаи Захираҳои генетикии меваю сабзавот ва ангури ИИИ «Боғпарварӣ»-и АИКТ Муассисаи давлатии илмии Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикии АИКТ таъсис дода шуд.
Марказ мувофиқи Оиннома, ки аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2008, №001-37-4А тасдиқ гардида буд, фаъолият намуда, бинобар сабаби ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи АИКТ, Оинномаи ММҶЗГ-и АИКТ аз нав таҳия гардида, аз тарафи президенти АИКТ, санаи 04.06.2018 тасдиқ карда шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020, № 487 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 майи соли 2008, № 215” дар таҳрири зерин Муассисаи давлатии илмии “ Маркази миллии захираҳои генетикӣ ” номгўзорӣ шуда, ба номгўи муассисаҳои илмию тадқиқотии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.