Маълумоти умумӣНизомномаи шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (минбаъд - Низомнома) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қарори Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли 2021, №29 «Дар бораи низомнома, сохтор ва лимити шумораи хизматчиёни давлатии дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таҳия гардидааст.