Маълумоти умумӣНизомномаи бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (минбаъд - бахш) сохтор, вазифа ва ҳуқуқҳои бахши муҳосиботро муайян менамояд.
Бахши муҳосибот воҳиди сохтории дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, дар доираи ваколатҳои худ барои ҳалли вазифаҳои хоҷагидорӣ, молиявӣ ва муҳосибии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе масъул мебошад.
Шумораи воҳидҳои кории бахш мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян ва тасдиқ карда мешаванд.
Назорати бевоситаи фаъолияти бахши муҳосибот аз тарафи роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе анҷом дода мешавад.
1.5. Бахши муҳосибот дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва амрҳои Раиси шаҳри Душанбе, қарор ва амрҳои Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе инчунин, низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.