Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, табодули таҷрибаҳо ва дар ин замина муаррифии санъати рақси миллӣ, аз 29 апрел то 2 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 110-солагии устоди рақс, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валаматзода баргузор мегардад.
Маросими ифтитоҳи Фестивал 30 апрел соли 2026 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ доир гардида, дар ҳошияи ин ҷашнвора баргузории Конфронси илмӣ оид ба фаъолияти эҷодии Ғаффор Валаматзода дар назар аст.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон