Баромадкунандагон дар суханрониҳои худ ҷиҳати дар сатҳи ҷаҳонӣ хатарҳои шадид эҷод кардани амалҳои террористиву экстремистӣ ва ифротгароӣ изҳори андеша намуда, қайд карданд, ки ин амалҳои зишт дар ҷаҳони муосир масъалаи доғи руз шуда истодааст.…
Баромадкунандагон дар суханрониҳои худ ҷиҳати дар сатҳи ҷаҳонӣ хатарҳои шадид эҷод кардани амалҳои террористиву экстремистӣ ва ифротгароӣ изҳори андеша намуда, қайд карданд, ки ин амалҳои зишт дар ҷаҳони муосир масъалаи доғи руз шуда истодааст.
Мақсаду мароми ин гуруҳҳои зишткор, ки дар ҷойгоҳҳои махсус таълиму тарбият ёфтаанд, бо ҳар гуна роҳҳои зуровариву кушторҳои
бераҳмона зиндагии орому осоиштаи мардуми кишварҳои гуногунро халалдор сохтан ва ба даст овардани ҳокимият мебошад. Бо истифода аз ҳар гуна ақидаву амалҳои нопок мардуми осоишта, махсусан ҷавононро, ба доми худ кашида, онҳоро ба ҳар гуна гуруҳҳои ифратомез шомил месозанд ва бо ин восита мақсадҳои нопоки худро амалӣ кардан мехоҳанд.
Мебояд, ки ҳар як инсон новобаста ба синну сол, кору бори зиндагӣ ва мавқеи дар ҷомеадошта дар мубориза бар зидди ин амалҳои зишт саҳмгузор бошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 16-уми декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккилӣ вазифаи ҷонии ҳар як инсони боақлу хирад ва дурандеш дар ҷаҳони муосир мебошад.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки иштирокдорони ҳамоиш аз муҳтавои барномаи мазкур баҳрабардорӣ намуда, дар мубориза бо ин амалҳои зишту нанговар камари ҳиммат мебанданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш баҳри истироҳати хубу бофароғати иштирокдорони маҳфил барномаи хуби консертӣ пешниҳод гардид, ки
дар он овозхонони шинохтаи кишвар бо сурудҳои дилангези худ тавонистанд, ки табъи онҳоро шод гардонанд.